Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ

9 апрели соли 2024, 14:45 Дида шуд 66

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024

Санаи 9-уми апрели соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва шаҳриву минтақавии Хадамот ва дигар намояндагони корхонаву ҷамъиятҳои системаи энергетика ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид.

Сардори Хадамот Ғолиб Убайдуллозода баъди кушодани ҷаласа ва муаррифии меҳмонон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар давраи баъдӣ бо гузориши муфассал суханронӣ намуд.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш зимни суханронии худ оид ба рафъи камбудиҳо ва баланд намудани нишондодҳои натиҷаҳои фаъолият таъкид намуд.