Баргузории ҷамъомади тантанавӣ

7 марти соли 2024, 14:18 Дида шуд 61

       Санаи 7 марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Назорати энергетика” ва Кумитаи иттифоқи касаба дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба ифтихори Рӯзи Модар   ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон кушода, дар бораи таърихи ҷашнвора ва бо ибтикори Пешвои миллат ба Рӯзи Модар табдил додани он маълумот дода, аз номи роҳбарият ҳамаи бонувони Хадамотро табрик намуд. 

       Ҳамчунин, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ дар ситоиши зан-модар шеърҳо қироат намуда, ба табрикоти роҳбарият ҳамроҳ  шуданд.