Баргузории ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

23 феврали соли 2024, 14:27 Дида шуд 109

      Санаи 23 феврали соли ҷорӣ дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон кушода, дар бораи аҳамияти Артиши миллӣ маълумот дода, аз номи роҳбарият ҳамаи кормандони Хадамотро табрик намуд. Сипас, бонувони Хадамот бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азиз, дар васфи сарбозони шуҷои Артиши миллӣ, ки дар таъмини суботи кишвар саҳми беандоза доранд, шеърҳо қироат намуданд.