Маросими гусели тантанавии хизматчии давлатӣ

22 апрели соли 2024, 14:07 Дида шуд 48

Санаи 22 апрели соли 2024 барои расидан ба синни нафақа маросими гусели сармутахассиси раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергияи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ Ёров Қодир доир карда шуда, мавсуф мавриди қадрдонии сардори Хадамот қарор гирифт.

Сардори Хадамот Ғолиб Убайдуллозода Ёров Қодирро бо ҷашни мавлуд ва ҳамзамон барои расидан ба синни нафақа табрик гуфта, доир ба фаъолияти бисёрсолаи софдилона ва таҷрибаи бойи кории ӯ изҳори андеша кард.

Дар идома, сардори раёсати номбурда Аминзода Илҳом ва раиси иттифоқи касабаи Хадамот Соҳибзода Нуриддин соҳибҷашнро ба ифтихори зодрӯз ва расидан ба синни нафақа табрик намуда, таманниёти беҳтарини худро баён намуданд.

Хабарҳои охир