Озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ
29 апрели соли 2024, 08:18 Дида шуд 206
Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ барои ишғоли мансабҳои холии
маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Дастгоҳи марказӣ:
Сармутахассиси раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯйӣ ва самаранокии энергия;
Сармутахассиси шуъбаи муҳосибот;
Мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ;
Мутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ;
Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо.
Раёсату шуъбаҳои шаҳриву минтақавӣ:
Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб;
Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб;
Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд;
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии энергетикии ВМКБ;
Мутахассиси шуъбаи назорати давлатии энергетикии ВМКБ.
Дар умум, 10 воҳид.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳои Хадамот (шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров 35) пешниҳод намоянд:
ариза ба унвони сардори Хадамот;
варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, тарҷумаи ҳол;
акси 3х4 (4 дона);
нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);
маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);
нусхаи шиноснома;
нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА-ИНН);
нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
нусхаи билети ҳарбӣ (шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (эъломия);
маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
Маълумотнома дар бораи таҳсилот ва собиқаи кор (резюме, cv).
Эзоҳ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
сармутахассис 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
мутахассис таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;
таҳсилоти олии касбӣ (миёнаи касбӣ барои мутахассис), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер;
донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Ба донандагони забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) афзалият дода мешавад.
Музди меҳнати заминавӣ:
Сармутахассис – 1502,30 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 1228,40 сомонӣ, мутахассис – 1012,60 сомонӣ. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи Хадамот: www.energonadzor.tj ва ё тариқи телефони 222 29 00 шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо дастрас намоянд
Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 21 рӯз баъд аз нашри расмии эълон қабул карда мешаванд.