Маслиҳатҳои муфид

Дида шуд 1252

 

                                                                         

Маслиҳати муфид

ЧӢ ТАВР НЕРУИ БАРҚ ВА ГАРМИРО МЕТАВОН САРФА КАРД?

     Дар зимистон талабот ба неруи барқ ва гармӣ бештар мешавад. Аз сабаби сарбории зиёд бо барқ баъзан трансформаторҳо аз кор мебароянд. Дар зер чанд маслиҳати муфидро ҷиҳати пешгирии талафоти барқу гармӣ пешкаш менамоем.

   -Рӯзона ҳар қадар метавонед, аз рӯшноии табиӣ бештар истифода баред. Агар хонаатон аз тарафи ҷануб тиреза дошта бошад, пардаи тирезаро яктарафа намуда, чароғро хомӯш кунед. Рӯзҳои офтобии зимистон нури офтоб хонаатонро равшану гарм нигоҳ  медорад.

    - Ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон чароғакҳои светодиодиро истифода намоед, зеро як чароғи 20-ваттаи светодиодӣ баробари як фурӯзонаки 100-ватта рӯшноӣ медиҳад. Яъне, қувваи барқро 5 маротиба камтар истифода мебарад.

   -Агар девори хонаҳо ранги сафеду равшан дошта бошад, барои рӯшноии он чароғи тавоноияш кам низ кофӣ аст.

     -Танӯрчаи микромавҷӣ («микроволновка») нисбат ба танӯрчаи одии барқӣ («духовка») 50 фоиз камтар неруи барқ сарф менамояд.

     - Нерупуркунаки барқӣ ҳангоми холӣ дар розетка будан низ неруи барқ масраф мекунад. Аз ин рӯ, баъд аз неруи лептопу телефонатон пур шудан онҳорро аз розетка гиред.

    - Ҳангоми ҳавои хунук яхдонро аз розетка ҷудо кардан беҳтар аст. Шумо бо ин рафторатон “умр”–и яхдонро дароз мекунед.

     - Зимни дар плиткаи барқӣ пухтани таом болои дегчаро бо сарпӯш маҳкам кунед. Дар ин ҳол бо сарфи ками барқ хӯрокатон зудтар мепазад. Яъне, барқ се маротиба камтар масраф мешавад.

     -Либоси тарро болои радиатори барқӣ нагузоред, ки гармидиҳии он паст мешавад.

      -Барои 3-4 либос мошини ҷомашӯиро истифода набаред. Танҳо ҳангоми зиёдтар шудани либос аз он истифода намоед. Аз 3-4 либосро алоҳида шустан, як бор 10-12 либосро шустан се маротиба масрафи барқро кам мекунад. Ҳангоми либосшӯӣ дар реҷаи 30 дараҷа нисбат ба 40 дараҷа 35 фоиз камтар барқ масраф мешавад.

    -Телевизор ва дигар таҷҳизоти барқиро баъди бо пулт хомӯш намудан аз розетка ҷудо намоед. Дилхоҳ таҷҳизоти барқии бо пулт идорашаванда дар ҳолати «интизорӣ» барқ масраф мекунад.

    -Ҳар се моҳ обгармкунакро аз пасмондаҳои намаки об (накип) тоза намоед. Бо ин роҳ талафи барқ 15 -20 фоиз кам мешавад.

     -Агар фарши хона гилӣ ё бетонӣ бошад, аз поён гилеми куҳна ва аз болои он қолин ё гилеми навтар партоед. Ҳуҷрае, ки курпача партофта шудааст, нисбат ба хонаи бе кӯрмача гармиро бештар нигоҳ медорад, зеро талафоти гармӣ 10-15 маротиба кам мешавад.

      -Ҳангоми аз ҳуҷраи корӣ ба танаффус баромадан чароғи онро хомӯш намоед. Компютерро дар ҳолати “хоб” гузоштан боиси 40 фоиз кам кардани талафоти барқ мешавад.

     -Тавассути деворҳои хона 40 фоиз, тиреза-20, бом-15 ва фарш 10 фоизи гармӣ талаф меёбад. Аз и рӯ,  дар девори хона овезон кардани қолин яке аз роҳҳои нисбатан осони нигоҳ доштани гармӣ дар манзил аст.

     -Ҳангоми чойҷӯшонӣ ба андозаи чойник ё термос об ҷӯшонед. Агар чойник ним литр об бараду шумо 2 литр об чӯшонед, се маротиба зиёдтар барқ истифода мешавад.

    -Аксар таҷҳизоти барқӣ тамғаи аз А то G доранд. Шумо тамғаи А ва В доштаашро интихоб намоед, зеро онҳо барқро кам масраф мекунанд.

      -Агар кондитсионер дошта бошед, реҷаи ҳарорати онро баланд накунед. Ҳангоми 24-26 дараҷа гарм будани хона ё ҳуҷраи корӣ нисбат ба 28 дараҷа будани он талафоти барқ кам мешавад. Агар шумо фарз кардем соати 17:00 аз кор рафтанӣ бошед, на дар вақти рафтан, балки 20 дақиқа пештар кондитсионерро хомӯш кунед, зеро гармии мавҷудаи ҳуҷраи корӣ 20-30 дақиқа боқӣ мемонад.

    -Дар хона ё ҳуҷраи корӣ бо либосу ҷӯроби гарм будан низ боиси эҳсоси гармӣ шуда, аз меъёр зиёд баланд кардани ҳарорати кондитсионер ва талафёбии барқро пешгирӣ менамояд.

    -Радиатори барқиро аз назди девор дур нигоҳ доред, зеро қисми зиёди энергияи он барои гармкунии девор меравад.

    -Ҳангоми шустани дасту рӯй ва дандон, инчунин ришгирӣ обро аввал ба зарф гирифта, пасон истифода баред, зеро дар сурати истифода аз ҷумаки оби ванна (термекс) 10 баробар бештар оби гарм сарф мешавад, ки он ҳам талафёбии барқ аст.

     -Аз обгармкунаки офтобӣ истифода бурдан нисбат ба термекси барқӣ (муддати 5-10 сол) арзонтар меафтад. Ҳарчанд дар мадди аввал обгармкунаки офтобӣ ба назар қиматтар намояд ҳам, дигар хароҷот талаб намекунад. Эҳтимоли хатари аз садамаи барқ “сӯхтан”-и он низ аз байн меравад.

 Сарчашма: Рӯзномаи “Садои Мардум” №12 аз 12 январи соли 2023, муаллиф Сайфиддин Наҷмиддинзода.

 

 

 

 

 

Муроҷиатномаи раёсати назорати давлатии энергетикии  минтақаи

Бохтари вилояти Хатлон

 

      Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамватанони азиз! Раёсати назорати давлатии энергетикии  минтақаи Бохтар   ба маълумоти Шумо  мерасонад, ки мувофиқи маълумотҳои  идораи  обуҳавосанҷии кишвар  дар моҳи январи  соли 2023 сардии ҳаво то дараҷаи поён фаромада, ташвишовар  мегардад, ки  таъсири манфии  он  ба ҳамаи  соҳаҳои  хоҷагии халқ  мерасад.  Дар ин мавриди  сардӣ  талаботи  аҳолӣ  ва корхонаҳои давлатю  ғайридавлатӣ  ба неруи  барқ дучанд зиёд  мегардад, ки  ин ба сарбории  зеристгоҳҳо, истгоҳҳои трансформаторӣ,  хатҳои  интиқоли  барқи ҳавоию  кабелӣ дар системаи  энергетикии мамлакат мегардад. Инчунин  сардшавии ҳаво боиси камворидшавии об  ба обанборҳои  неругоҳҳои  оби барқӣ  гашта,  аз  рӯи  талаботи  неруи  барқ  зиёдшавии  хароҷоти  об  2-3  маротиба зиёд  мегардад,  ки  95%-и  истеҳсоли  неруи барқ  аз ҳисоби  неругоҳҳои оби барқӣ  мебошад.     Ин  серборӣ  боиси  сар задани садамаҳо, ки  аз  меъёри  муқаррарии  таҷҳизот (бори номиналии  ҳисобишуда), яъне  афзоишёбии вайроншавии технологии таҷҳизоти истифодашаванда  (аз расиши кутоҳ), асбобҳои  ҳимоявии дар  чашмакҳои раванди  шиддат  дар хатҳои ҳавоӣ ва зеристгоҳҳою  истгоҳҳои  трансформаторӣ  мегарданд.   Ин боис  мегардад, ки ба маҳаллу  корхонаҳо, ки  мушкилии бебарқиро  ба бор  оварда,  боиси нигаронии  мардум мегардад.

       Аз  ин лиҳоз, Раёсати назорати давлатии энергетикии  минтақаи Бохтар  аз  Шумо  шаҳрвандони  вилоят  эҳтиромона  хоҳиш  менамояд,  ки  ба хусус  дар  ин рӯзҳои сарди ҳавои  зимистони  дар пешистода  неруи  барқи  истифодашавандаро бо ҳисси масъулияти  баланди  сарфакорӣ  истифода  намуда, ғайримақсаднок   неруи  барқро  истифода  нанамоед, ҳангоми  субҳи рӯз ҳамаи лампаҳои  фурузони  хонаю  биноҳои  маъмурӣ, кӯчаю хиёбонҳоро хомӯш  намуда,  маданияти баланди истифодабарии  неруи барқро риоя  намоед. Аз  асбобҳои муосири каммасрафи барқӣ  истифода  бурда,  ба  буҷаи оила,  корхона  зарари  иқтисодӣ  нарасонед.  Аз  асбобҳои  худсохти ғайристандартӣ, ки истифодабарии  он  қатъиян  манъ  аст, истифода  набаред,  зеро   ки  он  боиси  хароҷоти зиёдатӣ  гардида,  инчунин ғайриқоидавӣ   истифода  бурдани  он  ба фалокатҳои сар задани  сӯхтор, инчунин фоҷиаи марговар  аз  таъсири ҷараёни электрикӣ бо одамон мегардад.  Зеро  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  сарфаҷӯӣ  ва самаранокии энергия”  бе мақсад  истифода  бурдани  неруи  барқ  ва  аз  меъёри  муқаррарӣ  зиёд  истифода  бурдани  неруи барқ дар  асоси  «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»    шахсони гунаҳгор ба  ҷавобгарии  маъмурӣ  кашида мешаванд.

   Пешрафти имрӯзаи  ҷомеаи кишвари  мо  бе  истифодаи  неруи барқ  ғайриимкон буда, мо  онро бояд мақсаднок боисроф, сарфакорона, бе  талафоти беҳуда, аз  рӯи  виҷдону  имони комил    истифода  намоем.  То ин ки ҳар як  таҷҳизоти  барқиро, ки то  имрӯз мутахассисони соҳа чун  гавҳараки  чашм нигоҳ  доштаанду,  ба  мардум  хизмат  мерасонанд,  нигоҳ  дорем. Фаромӯш  набояд кард, ки пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ қарзи ҳар як фарди ба ору номуси кишвар буда, барои хариди таҷҳизоти барқии нав, бо мақсади иваз намудани таҷҳизоти аз кор баромада ва солҳои зиёд кор карда, ки фарсуда шудаанд мусоидаткунанда мебошанд, ки маблағҳои пардохти Шумо пешбурди соҳаро ба танзим медарорад ва мардум аз он баҳравар мегарданд, кори кормандони  соҳаро, ки заҳмати  шабонарӯзӣ  мекашанд, эҳтиромашонро  ба ҷо  орем ва  ҳадафҳои некпешгирифтаи  давлату ҳукумати  кишвар,  таҳти роҳбарии  хирадмандонаи абадмарди  роҳи сиёсат дар ҷаҳон,  Пешвои муаззами  миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба хусус  саноатикунонии босуръати мамлакат комёб гардем. Маданияти истифодабарии оқилонаи неруи барқ дар дасти худи мо буда, мо худ созандаи ин диёри куҳанбунёд  ҳастем.

 

         Сарфи беҳудаи барқ гулхани худсӯзон аст,

         Бинамо сарфаи он, ки талаби замон аст.

         Бифаҳм эй фард, бикун сарфаи онро ба ҳисоб,

         Сарфаҷӯй бош, ки ин тозагии имон аст, виҷдон аст.

                                                                                    Сонеъ

 

   Бо арзи эҳтиром,   раёсати назорати  давлатии  энергетикии минтақаи Бохтари  вилояти  Хатлон.