Баргузории ҷаласаи васеи назоратӣ

22 маи соли 2023, 11:30 Дида шуд 193

Баргузории ҷаласаи васеи назоратӣ

Санаи 22 майи соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ маҷлиси васеи назоратӣ баргузор гардид. Дар он сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии (минбаъд РНДЭ) шаҳри Душанбе, ШНТҶ, сардорони РНДЭ минтақаҳои Бохтару Кӯлоб, МД “Муассисаи таълимӣ”, Озмоишгоҳи электротехникӣ иштирок намуданд.

      Сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб баъди шинос намудани ҳозирин бо рӯзномаи ҷаласа нахуст иҷроиши бандҳои протоколи №17 аз 15 майи соли 2023-ро пурсон шуданд. Баъдан таҳлил ва баҳогузории фаъолияти воҳидҳои сохторӣ дар ҳафтаи сипаришуда  гузаронида шуд.

     Сипас барои муҳокимаи Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон дода шуд. Муовини сардори Хадамот дар баромади худ ҳозиринро бо Пешниҳоди Агентӣ шинос намуда, аз сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Хадамот даъват ба амал оварданд, ки аз истифодаи автомобилҳои вобасташуда ва воситаҳои техникӣ, аз қабили телефонҳои идорӣ, асбобҳои нусхабардорӣ, шабакаи интернет ва ғайра барои эҳтиёҷоти шахсӣ худдорӣ намоянд.

     Инчунин сардори Хадамот барои гузаронидани соати сиёсӣ таҳти унвони “Ҷавонон ояндасози миллатанд” суханро ба сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил Матробова Ҷумагул доданд. Матробова Ҷ. дар баромади худ дар бораи таърихи эълони рӯзи ҷавонон ҳамчун рӯзи ид, ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон маълумот дода, аз ҷавонони Хадамот даъват ба амал овард, ки  ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҳамзамон ҷиҳати тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ҳамаҷониба кӯшиш намуда,  аз пайваст шудан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва тундрав худдорӣ намоянд.

Дар охири ҷаласаи назоратӣ сардори Хадамот сардори РНДЭ минтақаи Бохтар Каниев Маҳмадро бинобар расидан ба синни ниҳоии нафақа бо изҳори сипос ва қаноатмандӣ ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ботантана ба нафақа гусел намуданд. Ҳамзамон ҳозиринро бо сардори навтаъиншудаи раёсати мазкур Қаландаров Шамсиддин шинос намуда, ба номбурда барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бурдбориҳо таманно намуданд.

      Масъулин вазифадор карда шуданд, ки аз натиҷаи масъалаҳои мартаҳгардида санадҳои дахлдорро ба расмият дароранд.