Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2023

13 апрели соли 2023, 14:46 Дида шуд 195

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2023

       Рӯзи 12 апрели соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар   семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо дар давоми соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. А., муовини директори генералии ҶСК “Барқи Тоҷик” Қурбонзода А., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Р., муовини директори департаменти техникии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Б., муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Акрамҷонзода А., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ.   иштирок намуданд.

         Ҷаласаро  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. Х. ифтитоҳ намуда, барои ироаи гузориш оид ба фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2023 суханро ба муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. доданд. Муовини сардори Хадамот дар гузориши худ қайд намуд, ки дар маҷмӯъ дар семоҳаи якуми соли 2023   нишондиҳандаҳои Хадамот дар тамоми самтҳо нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 назаррас ва мусбӣ  мебошанд.

      Дар доираи иҷрои санҷишҳои нақшавии субъектҳои хоҷагидор, ки бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мувофиқа гардидааст, санҷиши 758 (нақша-817) субъект амалӣ гардида 92%-и нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2022  4 санҷиш ё 101% зиёд мебошад.

     Санҷишҳои гузаронидашуда асосан ба соҳаҳои зерини субъектҳои хоҷагидорӣ рост меоянд: кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ – 43 адад, саноати истихроҷи маъдан ва саноати коркард – 142 адад, таъмини нерӯи  барқ – 8 адад, таъминоти об – 12 адад, сохтмон – 15 адад, савдои яклухт ва чакана – 236 адад, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо – 51 адад, нақлиёт ва анборхонаҳо – 11 адад,  иттилоот ва алоқа – 20 адад, фаъолияти молиявӣ – 10 адад, фаъолият оид ба идоракунӣ ва амалигардонии дигар намудҳои хизматрасонӣ – 121 адад, маориф – 11 адад, хизматрасонии соҳаи тандурустӣ барои халқ ва хизматрасонии иҷтимоӣ – 58 адад, дигар соҳаҳо – 19 адад.

      Дар раванди  ин санҷишҳо  46 муоинаҳои техникии зеристгоҳҳои барқии 35-220 кВ, 666 адад истгоҳҳои трансформаторӣ, 620 км хатҳои интиқоли барқи 10-6-0,4 кВ,  312 пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  618 дастгоҳҳои барқии навпайваст бо тавоноии 45278 кВт, насби трансформаторҳо бо тавоноии 54305 кВА ва дигар масъалаҳои пешбинишуда гузаронида шудааст. 

     Бояд қайд намуд, ки дар илова ба санҷишҳои нақшавӣ  дар ин давра   60 корманди Хадамот дар 124 санҷишҳои мақомоти қудратӣ ҷалб гаштаанд.   Аз ҷумла, ба  мақомоти Прокуратура 95 санҷиш, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 8 санҷиш, Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 15 санҷиш,  Вазорати корҳои дохилӣ 3 санҷиш ва адлия, гумрук, андоз 3 санҷиш  рост меояд, ки дар умум нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 22  санҷиш ё 122% зиёд мебошад.

      Аз тарафи нозирони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба  техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбати 1003  нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 227 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуданд, ки дар муқоиса давраи ҳисоботии соли 2022  145 адад ё 1,2 маротиба ва 44 ҳазор сомонӣ  ё 124% зиёд мебошад.

       Инчунин нисбати 807 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти қудратӣ пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ба маблағи  112 ҳазор сомонӣ бароварда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи  ҳисоботии соли 2022  37 адад ва 42 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

    Ҳамзамон нисбати истифодабарандагони  энергияи барқ 703 санадҳои вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергия барқ  ва гармӣ дар ҳаҷми   3 310 ҳазор кВт.с  ба маблағи 951 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки дар муқоиса ба  ба ҳамин давраи   ҳисоботии соли 2022  133  санад дар ҳаҷми   2 429 ҳазор кВт.с ба маблағи  82 ҳазор сомонӣ ё мутаносибан  4 ва 1,2 маротиба  зиёд мебошад. 

    Санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳои 1998 корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо ва дастгоҳҳои навпайваст  гузаронида шудаанд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022  743 санҷиш ё 1,6 маротиба зиёд мебошад.

     Дар давраи ҳисоботӣ ташхиси  384 адад воситаҳои ҳимоявӣ гузаронида шуд.

    Сатҳи дониши 1 525 масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон санҷида шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2022  214 нафар ё 116% зиёд  мебошад. 

     Савияи тахассусии  69 нафар  шахсони масъули хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо ва кормандони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”   баланд бардошта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи  ҳамин давраи ҳисоботии соли 2022   106%  зиёд мебошад.

         Аз ҳисоби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  тибқи  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” давраи ҳисоботии соли 2023  ба буҷаи ҷумҳурӣ 93 840 сомонӣ  пардохт карда шуд.

         Баъди гузориши муовини сардори Хадамот сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ба музокира баромада, ба саволҳои муовини вазир ва сардори Хадамот посух доданд.  Дар умум фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардид. Инчунин кору фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамот дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ карда шуд.

         Ҳамзамон аз ҷониби  муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. оид ба назорат ва баҳисобгирии дурусти қатъшавиҳои технологии барқ, сатҳи талафоти энергияи барқ, сифати ангишт, пайвастшавӣ ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, пурзӯр намудани фаъолияти пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои биллингӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.