Баргузории ҷаласаи тантанавӣ дар Вазорат

22 декабри соли 2022, 15:30 Дида шуд 250

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

       Санаи 22 декабри соли 2022 дар толори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили ҷашни кабӣ – “Рӯзи энергетикҳо” ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер ҳозирин ва тамоми кормандони соҳаи энергетикаро ба рӯзи энергетикҳо табрику муборакбод намуда, ҳамзамон ба кормандони фаъоли соҳа Ифтихорномаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишонҳои сарисинагии  “Энергетики хизматнишондодаи ИДМ” ва “Ифтихорномаҳои фахрии Шӯрои энергетикии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ”-ро дар фазои тантанавӣ супурданд. Аз ҷумла, сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе Асомиддинзода Фазлиддин, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Соҳибзода Нуриддин, сармутахассиси РНДЭ ШНТҶ Саъдуллоев Хушбахт бо Ифтихорномаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ Одинаев Муҳаммад, сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд Муллобоев Баҳодур, минтақаи Суғд Ҷураев Лухмон бо Нишони сарисинагии  “Энергетики хизматнишондодаи ИДМ”, сардори  раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Соҳибзода Нуриддин,  муовини сардори  раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Бохтар Сафаров Мурод, сармутахассиси раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд Маҳмудов Усмонхон ва сармутахассиси раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Кишваров Саидмеъроҷ бо Ифтихорномаи фахрии Шӯрои энергетикии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ фарафроз гардонида шуданд.

     Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ шахсони арзандаро шодбош гуфта, барори кор орзу намуда, таманнои хушии рӯзгорашонро дорад.