Санаи 27 апрели соли 2021 дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Назорати энергетика”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

27 апреля 2021 года в 10:29 Просмотров 718

        Санаи 27 апрели соли 2021 дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Назорати энергетика”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  баргузор гардид. Дар ҷаласа  кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД «Маркази таълимӣ» ва озмоишгоҳи санҷиши энергетикӣ (дар маҷмуъ зиёда аз 65 нафар) иштирок доштанд. Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Қурбонзода Убайдулло иштирок ва суханронӣ намуд.

          Ҷаласаро сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Убайдуллозода Ғ. оғоз намуда, рўзномаи он иборат аз 5 банд тариқи овоздиҳӣ тасдиқ карда шуд. Дар оғоз муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳисобот доданд. Баъдан нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштани раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонзода А. А. аз раисии ташкилоти ибтидоӣ озод ва Убайдуллозода Ғ. Х. якдилона раиси ташкилоти ибтидоии “Назорати энергетика” интихоб карда шуд. Аз натиҷаи иҷрои бандҳои рўзномаи маҷлис қарорҳои дахлдори зарурӣ ба тасвиб расонида шуд.   

           Дар анҷоми маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, сардори Хадамот  Убайдуллозода Ғ. ба меҳмон ҷиҳати иштирок ва суханронӣ изҳори сипос намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандон-ҳамсафони ҳизбӣ дар амалӣ намудани барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намоем ва  дар иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.