Положение

Просмотров 914

Низомнома

Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соӽаи энергетика

I.  Муқаррароти умумӣ

  1. Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соӽаи энергетикаи  Вазорати энергетика ва захираӽои оби  Ҷумӽурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) мақоми ӽокимияти иҷроияи давлатӣ буда, дар Ҷумӽурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикиро амалӣ  менамояд.
  2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираӽои оби  Ҷумӽурии Тоҷикистон  қарор дорад.
  3. Хадамот дар фаъолияти худ ӽамин Низомнома, инчунин дигар санадӽои меъёрии ӽуқуқии марбути соӽаи энергетикаро ба роӽбарӣ мегирад.
  4. Хадамот фаъолияти худро дар ӽамкорӣ бо Вазорату идораӽо ва мақомоти марказии Ӽокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маӽаллии Ӽокимияти давлатӣ, иттиӽодияӽои ҷамъиятӣ, созмонӽои байналмилалӣ ва дигар ташкилотӽо новобаста аз шакли моликияташон анҷом медиӽад.

 

II. Вазифаӽо

5. Хадамот вазифаӽои зеринро анҷом медиӽад:

Назорати давлатӣ дар ӽудуди Ҷумӽурии Тоҷикистон:

  • самаранок ва оқилона истифода бурдани энергияи барқ, гармӣ, нафт, газ, ангишт ва маӽсулотои коркарди онӽо (дар оянда – захираӽои сӯзишворию энергетикӣ);
  • ташхиси коршоямии таҷӽизоти  истеӽсолу истеъмолкунандаи энергия   ва  пешниӽоди хулосаӽо барои  сертификатсия;   
  • таъминоти реҷавӣ ва сифатноки энергияи истеъмолкунандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;
  • ӽолати баӽисобгирии истеӽсол ва истеъмоли захираӽои сӯзишворию    энергетикӣ;
  • истифодаи техникӣ ва бехавфи нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ  ва гармии ташкилотҳои энергиятаъминкунанда,таҷҳизот ва дастгоҳҳои ташкилотҳои таъминкунандаи  газ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои дигари нафт, газ ва истихроҷкунандаи ангишт, нафт ва маҳсулоти коркарди он новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, инчунин бино ва иншоот новобаста аз таъинот;
  • риояи ҳадди истеъмол, риояи реҷаи маӽдудияти истеъмоли захираӽои сӯзишворию    энергетикӣ ва хомӯш кардани барқи истеъмолкунандагон.

6. Хадамот мувофиқи салоҳиятҳои ба зиммаи он гузошташуда иҷрои  чораҷӯиҳои зеринро назорат мекунад:

  • гузаронидани тадбирӽо оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираӽои сӯзишворию    энергетикӣ, паст кардани сарфаи технологии (талафот) онҳо дар давраи истихроҷ (истеӽсол), кор кардан (азнавсозӣ), нигоӽ доштан, кашондан (интиқол, тақсимот), фурӯш ва истифода (истеъмол);
  • аз тарафи ташкилотӽои таъминкунандаи энергия татбиқи тадбирӽои ба таври реҷавӣ ва сифатнок бо барқ, гармӣ, ангишт ва газ таъмин намудани истеъмолкунандагон, риоя намудани меъёри муқарраршудаи сифати энергияи барқу гармӣ, газ ва ангишт;
  • риояи стандартӽо, меъёр ва қоидаӽои муқарраршуда дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, санадӽои меъёрии техникӣ оид ба сохтор, истифодабарии дурусти техникӣ ва бехавфи таҷӽизот, шабакаӽои барқу гармӣ ва газтаъминкунанда ва дастгоӽӽо;
  • тасдиқ ва риояи меъёри сарфи технологии захираӽои сӯзишворию энергетикӣ ба воӽиди маӽсулоти истеӽсолшаванда (кор, хизмат ва ғайра);
  • аз тарафи ташкилотӽои таъминкунандаи энергия ва истеъмолкунандагон риояи нишондиӽандаӽои шартномавии тавоноӣ ва энергия, аз ҷумла, тартиби тақсимот ва иҷрои меъёри истеъмоли энергияи барқ, гармӣ, газ ва ангишт;
  • таъмини дараҷаи самараноки ҷуброни тавонии реактивӣ дар дастгоӽӽои барқии корхонаӽо, татбиқи дурусти кам ё зиёд шудани тарифи энергияи барқ барои ҷуброни тавонии реактивӣ дар дастгоӽӽои барқии истеъмолкунандагон;
  • аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи энергия дуруст татбиқ шудани тариф ба энергияи барқ, гармӣ, газ ва ангишт дар ҳолати ҳисобӣ намудани маблағи истифодаи онҳо бо истеъмолкунандагон;
  • дуруст муқаррар ва иҷро кардани меъёрӽои сифат ба бозгашти конденсат;
  • ташкили истеӽсол ва ӽолати баӽисобгирии истеъмоли захираӽои сӯзишворию энергетикӣ;
  • гузаронидани таӽқиқоти энергетикӣ ва тартиб додани шиносномаӽои энергетикӣ.

7. Хадамот дар соҳаи назорати давлатии энергетикӣ:

  • дар ӽолатӽои ошкор кардани далелӽои исрофкорона ва ғайрисамаранок сарф шудани энергияи барқ, гармӣ ва газ барои кам кардани ҳадди истеъмоли онӽо таклиф пешниӽод менамояд;
  • дар ӽолати ошкор намудани далелӽои сарфи ками захираӽои сӯзишворию энергетикӣ ба воӽиди маӽсулоти истеӽсолшаванда нисбат ба меъёри тасдиқшуда ва далелӽои исрофкорона ва ғайрисамаранок истифода шудани захираӽои сӯзишворию энергетикӣ барои аз нав дида баромадани меъёри истеъмоли онӽо таклиф пешниӽод менамояд;
  • дар ӽамаи нуқтаӽои ӽисобӣ, аз ҷумла, дар нуқтаӽои гузариши баҳисобгирии байнидавлатӣ тавозуни энергияи барқ ва газро бо гирифтани нишондодӽои ӽисобгиракӽо санҷиш гузаронида, тамғаӽои назоратӣ мегузорад ва ӽисоби сарфи энергияи  барқ ва газро муайян месозад;
  • аз истеъмолкунандагон таӽия ва амалӣ намудани чорабиниӽоро оид ба сарфаи энергияи барқ, гармӣ ва газ, инчунин бартараф кардани камбудиӽои ҷойдошта дар истифодаи ин намудӽои энергия ва газро талаб мекунад;
  • таҷрибаи кории истеъмолкунандагонро дар бораи самаранок ва оқилона истифода бурдани захираӽои энергетикӣ ҷамъбаст намуда, барои дар ин соӽа дастрас намудани таҷрибаи пешқадам чораӽо меандешад;
  • дар таӽияи ӽуҷҷатӽои меъёрии техникии соӽаи энергетика, аз ҷумла, таӽияи барномаӽо оид ба сарфаи энергия иштирок менамояд;
  • барои аз истеӽсолот гирифтани таҷӽизоти аз ҷиӽати иқтисодӣ зараровар ва ба талаботи хизматрасонии эътимоднок ва бехавф мутобиқ набуда, инчунин барои аз нав дида баромадани шартӽои техникии инӽо чораҳо меандешад;
  • бо тартиби муқарраршуда нашри адабиёт ва плакатӽоро оид ба сарфаи захираӽои энергетикӣ ва истифодаи бехавфи таҷӽизот ва дастгоӽӽои барқӣ, гармӣ ва газӣ ташкил менамояд;
  • фаъолияти ташкилотӽои таъминкунандаи энергияро дар бораи татбиқи ҷадвали реҷавии истифодабарӣ ва хомӯш кардани энергияи барқ, гармӣ ва гази истеъмолкунандагон, самаранокии чорабиниӽоро оид ба кам кардани сарбории электрикӣ дар соатӽои барзиёдии сарбории системаи энергетикӣ назорат мекунад;
  • кори бахшӽои ташкилотӽои таъминкунандаи энергияро оид ба  фурӯши энергияи барқ, гармӣ, газ, ангишт, нафт ва маӽсулотӽои коркарди онҳо месанҷад;
  • дар таӽқиқи ӽодисаӽои нохуши вазнин, ки вобаста ба истифодаи энергияи барқ, гармӣ, газ, аз  ҷумла, дар рӯзғор ба амал меояд, иштирок намуда, зарарбардории соӽаи хоҷагии халқро таӽлил менамояд;
  • озмоишгоӽӽои электротехникии ташкилотҳои энергиятаъминкунанда  ва истеъмолкунандагони энергияи барқро, ки барои гузаронидани озмоиш ва андозагирии дастгоҳҳои барқии корхонаҳои таҳти назорати Хадамот қарордошта иҷозатнома доранд,  ба қайд медарорад ва  аз нав ба қайд мегирад;
  • дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соӽаи энергетика хизмат мерасонад;
  • дар кори Комиссияи давлатӣ оид ба қабули иншооти нави ба истифода додашаванда ва барқароркардашуда иштирок менамояд;
  • амали ба кор даровардани таҷӽизоти нав васлгардида ва барқароршудаи шабакаӽо ва дастгоӽӽои истеъмолкунандагони захираӽои сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла, шабака ва таҷӽизоти барқӣ, гармӣ ва газии дохили бино, дастгоӽӽои барқӣ, гармӣ ва истифодабарандагони гази хонаӽои истиқоматии нав сохташуда, инчунин хонаӽои куӽнаи истиқоматӣ, ки таъмири асосӣ  ё аз нав сохта шудаанд, иншооти бо энергияи барқ таъминкунандаи дохили корхона, бино, сохтмон, навбати онӽо ё истеӽсолоти алоӽидаро иҷро менамояд;
  • тибқи тартиби муқарраршуда дар кори таӽқиқи ӽолат ва сабабӽои рух додани садамаӽо ва дигар вайронкуниӽое, ки ба истифодабарии таҷӽизот, шабакаӽо ва дастгоӽӽо вобаста аст, иштирок менамояд;
  • барои иҷозат ва ба кор даровардани дастгоӽӽои барқии нав васлгардида ва барқароркардашудаи (зеристгоӽӽо, шабакаӽо) истеъмолкунандагоне, ки мобайни (транзитӣ) мебошанд ва ё бо шохаи сарбаста ба хатӽои интиқоли 35 кВ ва аз он зиёд васл карда шудаанд, иҷозат медиӽад;
  • барои ба истифода додани системаи таъминоти гармӣ, истеъмоли гармӣ ва дастгоӽӽои гармидиӽанда, ки нав ба шабакаӽо пайваст мешаванд ва ё аз нав барқарор карда шудаанд, иҷозат медиӽад;
  • аз рӯи тартиби муқарраршуда нисбати корхонаӽо, ташкилотӽо, муассисаӽо ва шахсони воқеӣ барои вайрон кардани қонун, қоидаӽо ва меъёрӽои амалкунада дар соӽаи энергетика чораӽои ӽуқуқӣ ва иқтисодиро татбиқ менамояд;
  • дар асоси шартнома бо ташкилотӽо, корхонаӽо ва муассисаӽои ӽавасманд барои ҳайати энергетикӣ курсӽои омӯзиш, аз нав тайёр намудан ва такмили ихтисос мегузаронад;
  • дониши шахсони масъули хоҷагиӽои истеъмолкунандагони захираӽои энергетикиро бо додани шаӽодатномаи дахлдор санҷида, дар кори комиссия оид ба санҷиши дониши ӽайати энергетикии истеъмолкунандагони захираӽои сӯзишворию энергетикӣ иштирок менамояд;

8. Хадамот  дорои ӽуқуқӽои зайл мебошад:

  • бо ҳамроҳии намояндаи иншооти таҳти назоратбуда ба ҳудуд ва дохили иншооти энергетикӣ ва дастгоҳҳо ворид шавад;
  • доир ба масъалаи риояи меъёр ва қоидаҳои дар соҳаи энергетика амалкунанда дастурҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад;
  • риояи меъёри сарфа ва ҳадди истеъмоли захираӽои сӯзишворию энергетикӣ, иҷрои супоришӽо ва чорабиниӽои ташкилию техникиро оид ба сарфаи захираӽои сӯзишворию энергетикӣ талаб намояд;
  • дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои садамавӣ, сӯхтор ва дигар ӽолатӽои ба ӽаёти мардум хавфнок фавран хомӯш намудани таҷӽизоти барқӣ, дастгоӽӽои энергетикӣ ва истифодакунандаи энергияро талаб намояд;
  • саривақт аз санҷиши дониши тахассусӣ гузаштани шахсони масъули комплекси сӯзишворию энергетикиро назорат намояд, шахсони масъули аз санҷиши дониши тахассусӣ нагузаштаро ба кор роӽ надиӽад;
  • далелӽои сарфаи исрофкорона ва дуздии захираӽои сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи энергияи барқ ва гармиро бар хилофи қоидаӽои  истифодабарӣ ошкор намуда, оид ба вайрон кардани қоидаӽо дар вақти истифодаи захираӽои сӯзишворию энергетикӣ санад тартиб диӽад, зарари иқтисодиро муайян намояд, пешниӽод кунад ва ситонад, ӽуҷҷатӽоро барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниӽод намояд;
  • протокол тартиб диӽад ва дар асоси қонунгузории амалкунанда барои риоя накардани меъёр ва қоидаӽо дар соӽаи энергетика барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан, қарор қабул намояд;
  • дар сурати набудани кормандони хизматрасони дастгоӽӽои энергетикӣ ва истифодакунандаи энергия оид ба хомӯш кардани онӽо дастур диӽад, ки иҷрои он ӽатмӣ мебошад;
  • ба таври фаврӣ аз ташкилотӽои таъминкунандаи энергия ва энергияистифодакунанда (ахбор, тасдиқнома) пешниӽод намудани маълумот, ӽуҷҷатӽои заруриро, ки таӽти  салоӽияти Хадамот мебошанд, талаб намояд;
  • дар сурати худсарона ба шабакаӽои барқӣ, гармӣ ва қубурӽои газгузар пайваст шудани истеъмолкунандагон, ба роӽбарон ва кормандони ташкилотӽои таъминкунандаи энергия барои хомӯш кардани ин гуна истеъмолкунандагон дастури ӽатмӣ диӽад;
  • протоколҳои озмоиш ва андозагириро, ки озмоишгоҳҳои электротехникии иҷозатдошта додаанд, вале ба қайд гирифта нашудаанд ва аз қайди ҳарсолаи Хадамот нагузаштаанд, бекор намояд;
  • баланд кардани эътимоднокии нақшаҳои барқтаъминкуниро бо эҳтиёткунии қабулкунакӽои махсус ва дараҷаи 1-и эътимоднокӣ, инчунин тақсимоти таъминоти технологӣ, сарбории умумиистеӽсолӣ, коммуналӣ-маиширо аз истеъмолкунандагон талаб намояд;
  • ситонидани пардохт барои 1 кВар соат иқтидори реактивӣ аз истифодакунандагони саноатӣ ва ба онӽо баробаркардашуда бо истифодаи 15 ӽазор кВт соат қувваи барқи фаъол дар як моӽ ва  зиёда аз он дар як нуқтаи баӽисобгирӣ;
  • дурустии кори асбобӽои баӽисобгирии сарфи захираӽои энергетикӣ ва маълумоти пешниӽодшударо оид ба ӽаҷми воқеии истифодаи захираӽои сӯзишворию энергетикӣ санҷад;
  • тибқи тартиби муқарраршуда барои нашри санадӽои меъёрии ӽуқуқӣ дар соӽаи фаъолияти худ эълонӽои расмӣ, ҷойгир намудани маълумот аз натиҷаи санҷишӽо ва чораӽои андешидашуда ҷой додани дигар ӽуҷҷатӽое, ки таӽти салоӽияти Хадамот мебошанд, нашрияи худро таъсис  диӽад.

 

III. Ташкили фаъолияти Хадамот

9. Хадамотро Сардор роӽбарӣ менамояд, ки бо пешниӽоди Вазири энергетика ва захираӽои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ӽукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Сардор барои иҷрои вазифаӽои ба зиммаи Хадамот гузошташуда маъсулияти шахсӣ дорад.

11.  Сардори Хадамот ду муовин дорад, ки онӽоро бо пешниӽоди   Сардори Хадамот Вазири энергетика ва захираӽои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

12. Ба салоӽияти Сардор  дохил мешавад:

  • роӽбарии умумии тамоми фаъолияти Хадамот;
  • ӽимояи манфиатӽои Хадамот дар ӽамаи идораӽо, корхонаю ташкилот, инчунин муассисаӽои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
  • дар мувофиқа бо  Вазорати энергетика ва захираӽои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани харҷнома ва ҷадвали штатӣ барои нигоӽ доштан ва нақшаи ҷории фаъолияти Хадамот;
  • тақсими вазифаӽо байни муовинон ва муқаррар намудани масъулияти онӽо;
  • дар доираи салоӽияти худ нашри фармонӽо ва дастурӽо,  ки  иҷрои онӽо барои кормандони Хадамот ва муассисаӽои сохторӣ ӽатмист ва назорати иҷрои онӽо;
  • дар асоси озмун қабул ва аз вазифа озод намудани кормандони Хадамот;

13. Сардори Хадамот ӽамзамон  Сарнозири давлатӣ оид ба назорати  энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ӽамзамон муовинони  Сарнозири давлатӣ оид ба назорати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ӽисоб мешаванд.

Кормандони дигари Хадамот, ки  назорати энергетикиро амалӣ     мегардонанд, мувофиқи ҷадвали штатии  тасдиқшуда нозири калони    давлатӣ ва нозири давлатӣ оид ба назорати энергетикӣ ӽисоб мешаванд.

14. Барои ӽалли масъалаӽои муӽим дар назди Хадамот Шӯрои     техникӣ ташкил карда мешавад.    

15. Шахсони мансабдори Хадамот дорои шаӽодатномаи намуди ягона ва   либоси расмӣ мебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  намудааст.

16. Хадамот шахси ӽуқуқӣ, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонӽои давлатӣ ва русӣ, муӽрҳо, бланк ва штампҳои намунаи муқарраршуда буда, аз ҳисоби  ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағгузорӣ карда мешавад.

17. Суроғаи ӽуқуқии Хадамот: Ҷумӽурии Тоҷикистон, 734042, шаӽри    Душанбе, кӯчаи А. Қаӽӽоров – 35.

Нишонии мо

Ҷумӽурии Тоҷикистон, шаӽри Душанбе, кӯч. Каххоров 35

energocontroltj@mail.ru

+992 372 2222-502

Сомонаӽои муфид

Сомонаи Президенти ҶТ

Сомонаи Барқи Тоҷик