Баргузории ҷаласаи васеъ ва соати сиёсӣ

31 январи соли 2024, 14:47 Дида шуд 111

Баргузории ҷаласаи васеъ ва соати сиёсӣ оид ба муаррифии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ

     Санаи 31 январи соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳамадзода Сорбон муаррифии муовини навтаъини сардори Хадамот баргузор гардид. Пеш аз муаррифӣ намудани муовини нав, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Холмуҳамадзода Сорбон фармоиши вазири энергетика ва зихираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гусели ботантанаи Каримов Бобоҷон Халилович, ки ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расиданд, қироат намуд. Ҳамзамон, сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб ва муовини сардор Исҳоқӣ Даврон ба Каримов Бобоҷон барои меҳнати софдилона ва бенуқсон изҳори миннатдорӣ намуданд.

      Баъдан, Сорбон Холмуҳамадзода фармоиши вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъини Абдулфаттоҳ Абдулло Файзулло ба вазифаи муовини сардори Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ қироат намуда, дар бораи  таҳсилот ва фаъолияти меҳнатии ў маълумот ироа намуд.

      Дар қисмати дуюми чорабинӣ сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб дар бораи самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

     Сипас, дар бораи нуктаҳои асосии Паём оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ собиқадори соҳа Бобоев Ҷура суханронӣ намуд.     

     Дар бораи амалӣ намудани тадбирҳо бо такя ба захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ сардори раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷўӣ ва самаранокии энергия Аминзода Илҳом ахборот манзур намуд.

     Аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил Матробова Ҷумъагул оид ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа изҳори ақида карда шуд.

     Дар қисмати сеюми ҷаласа ҳисоботи муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Хадамот Маҳмадов Шариф шунида шуд, ки фарогирандаи ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти Кумита дар соли сипаришудаи 2023  буд.

     Сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ Одинаев Муҳаммад бо арзи миннатдорӣ аз фаъолияти Кумитаи иттифоқи касаба қайд намуд, ки дар соли сипаришуда бо ташаббуси Кумита кормандони Хадамот ба шаҳри Роғун сафар намуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими энергетикӣ-НБО «Роғун» аз наздик шинос шуданд.

     Инчунин, дар фасли тобистон чорабинии фароғатӣ дар яке аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии шаҳри Норак ташкил карда шуд, ки боиси баланд бардоштани руҳияи кормандон гардид.