Фаъолият

Дида шуд 1675

 

  Аз баргузории ҷаласаи  ҷамъбасти фаъолияти  Хадамоти давлатӣ

оид ба назорат дар соҳаи энергетика дар нимсолаи якуми соли 2021

 ва вазифаҳо  барои давоми соли 2021

Санаи 13 июли соли 2021 дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Хадамоти давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид. 

 Нахуст дар ҷаласа гузориши сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи  якуми соли ҷорӣ шунида шуд.

Қайд гардид, ки дар доираи иҷрои санҷишҳои нақшавии субъектҳои хоҷагидор, ки аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мувофиқа гардидааст, санҷиши 1468 (нақша-1717) субъект амалӣ гардид, ки 85%-и нақшаро ташкил додааст.   

 Дар раванди  ин санҷишҳо  95 муоинаҳои техникии зеристгоҳҳои барқии 35-500 кВ, 704 адад истгоҳҳои трансформаторӣ, 300 км хатҳои интиқоли барқи 35-220 кВ, 853 км хатҳои интиқоли барқи 10-6-0,4 кВ,  328 пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1238 дастгоҳҳои барқии навпайваст бо тавоноии 120058 кВт, насби трансформаторҳо бо тавоноии 147424 кВА ва ғайра гузаронида шудааст. 

       Дар илова ба санҷишҳои нақшавӣ  дар ин давра 91 корманди Хадамот дар 198 санҷишҳои мақомоти қудратӣ (Прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия)  ҷалб гаштаанд.

  Инчунин 572 адад муоинаҳои техникии мақомот ва муассисаҳои давлатӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Хадамот бо  мақсади  баланд  бардоштани маданияти  истифодабарии энергияи барқ 15485 нусха буклетҳои тарғиботӣ дар мавзӯи «Маслиҳатҳои  амалӣ оид  ба  сарфаи  энергияи барқ ва гармӣ»   ба таври ройгон тақсим карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати барқ ва кам кардани талафоти энергияи фаъол бо корхонаҳои саноатӣ оиди насб намудани дастгоҳҳои ҶТР  Хадамот кӯшиш намуда истодааст, ки корбариро  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад. Дар нимсолаи якуми соли 2021  бо 528 корхонаҳо оиди ҷуброн намудани тавоноии реактивӣ шартномаҳо баста, дар маҷмуъ  ба ҳолати 1 июли соли 2021 шумораи корхонаҳои саноатии дорои дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ  ба 675 адад расонида шудааст ва дар давраи ҳисоботӣ 186 корхона зиёд гардидааст.

Хадамот  нимсолаи якуми соли 2021 дар 328 пойгоҳҳо обкашӣ муоинаҳои техникӣ гузаронида, дар натиҷа муайян намуд, ки пойгоҳҳо аз 1115 агрегатҳо иборат буда, аз ин миқдор 454 агрегат муҳаррики синхронӣ ва  661 агрегат муҳаррики асинхронӣ дошта, танҳо дар 32 адад пойгоҳи обкашӣ дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ насб гардидааст. Иҷроиши дастурҳои додашуда аз 2650 банд 1855 банд ё 70%- и он иҷро гардидааст.

Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 бо дарназардошти иншооти иловагӣ 2583 адад ё 102,4% дар шаҳри Душанбе бинову иншоот бо энергияи гармӣ таъмин гардида буданд. Тибқи нақшаи дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода вобаста ба иқтидори манбаҳои истеҳсоли гармӣ 2762 иншоот барои гирифтани гармӣ бояд омода шаванд, ки ин нисбат ба нақшаи мавсими гузашта 251 иншоот зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2021  аз тарафи нозироти нафту гази Хадамот дар якҷоягӣ бо раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ муоинаи техникии 97 нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ ва 8 адад анборҳои нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ гузаронида шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2021  Хадамот 16 ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохушро ба қайд гирифтааст, ки аз ин миқдор 12 ҳолат марговар, 4 ҳолати дигар бошад бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонии вазнин  анҷом ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш 5 ҳолат марговар,  3 ҳолати дигар бошад бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонии вазнин  зиёд буда, ташвишовар ва нигаронкунанда мебошад. Аз ин миқдор 1 ҳолат (марговар) дар дастгоҳу таҷҳизоти зеристгоҳҳои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва 7 ҳолат (5 ҳолат марговар, 2 ҳолат бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонии вазнин) дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”  бо сабаби паст будани савияи дониши тахассусии кормандон оид ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ ба амал омадааст.

        Инчунин Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2021  30 ҳолати ҳодисаи сӯхторҳои аз қувваи барқ ба амаломадаро таҳқиқ кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020  -5  ҳолат кам мебошад.

Аз тарафи нозирони Хадамоти давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба ҳолати техникӣ ва техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ 1439 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 269012 сомонӣ тартиб дода шуданд, ки дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2020  739 адад ё 2,1 маротиба ва 130488 сомонӣ  ё 194% зиёд мебошад.

Инчунин нисбати 2933 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ пешниҳошуда қарорҳои дахлдор ба маблағи  378756 сомонӣ бароварда шуд, ки дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2020  1809 адад ё 2,6 маротиба ва 228802 сомонӣ ё 250% зиёд мебошад.

Ҳамзамон нисбати истифодабарандагони  энергияи барқ 753 санадҳои вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергия барқ  ва гармӣ дар ҳаҷми                         2 923 665кВт.с  ба маблағи 2 380 439 сомонӣ тартиб дода шудааст, ки дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2020  531 санад ё 3,4 маротиба ва   2 508 141 кВт.с энергияи барқ ё  7 маротиба  зиёд мебошад.

Санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳои 1350 корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо ва дастгоҳҳои навпайваст  гузаронида шудаанд, ки нисбати давраи ҳисоботии соли 2020  415 адад ё 1,4 маротиба зиёд мебошад.        

    Сатҳи дониши 2294 масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон санҷида шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020  906 нафар ё 1,7 маротиба зиёд  мебошад.          

        Савияи тахассусии  152 нафар  шахсони масъули хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо ва кормандони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”  баланд бардошта шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи давраи ҳисоботии соли 2020  78 нафар ё 2,1 маротиба зиёд мебошад.

         Ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ  - 713 адад, ки нисбати давраи ҳисоботии соли гузашта 124 адад ё 1,2 маротиба зиёд  мебошад, гузаронида шудааст.  

Аз ҳисоби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  тибқи  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар нимсолаи  якуми соли 2021  ба буҷаи ҷумҳурӣ 214 860 сомонӣ  пардохт карда шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 73166 сомонӣ ё 152%  зиёд мебошад.

Роҳбарияти Хадамот  сифати кори телефонҳои дохилӣ (АТС) комутаторро беҳтар намуда, аз 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаҳои назоратиро ба таври онлайнӣ ба роҳ монд. Инчунин даромадгоҳи идора беш аз 400 метри мураббаъ мумфарш карда шуда, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ба тартиб дароварда шуда, дарахтони калонҳаҷми сӯзанбарг ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуд. Барои беҳтару хубтар намудани шароити кории кормандон ошхона аз нав ба кор дароварда шуда, як қисми утоқҳои корӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд ва дар ин самт корҳо давом дорад.

Дар самти бозбинии Низомномаи Хадамот дар таҳрири нав, таҷдиди сохтор корҳо ҷараён дорад. Ҳамзамон тасмим гирифта шудааст, ки бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд масъалаи таҷҳизонидани Озмоишгоҳи санҷиши энергетикӣ,  бахши ташхис ва “Маркази таълимӣ” бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, воситаҳои аёнии таълимӣ мусбӣ ҳал шавад.

Хадамот дар соли ҷорӣ дар ду ҷаласаи Комиссияи ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти давлатии назорати энергетикии кишварҳои аъзои ИДМ ба таври онлайнӣ иштирок намуд.

         Баъдан ба саволҳои  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир вобаста ба камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва нисбати эродҳои сардори Хадамот ва роҳу воситаҳои ҳалли минбаъдаи онҳо сардорони раёсату шуъбаҳо, муовини директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Ҳалимов Р., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Б. ва муовини Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Холиқзода М., ибрози назар намуданд.   

Дар охири кори ҷаласа   Вазири энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи соҳа махсусан оид ба зиёд шудани ҳодисаҳои нохуш, ки аз 16 ҳолати рухдода дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 12 ҳолат марговар мебошад ва аз зиёд гардидани қатъшавиҳои технологӣ низ  изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуданд, ки зиёдшавии ҳодисаҳои нохуш бо сабаби паст будани савияи дониши тахассусии кормандон оид ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ ба амал омада бошад, сабаби дигар пурзӯр набудани назорат ва наандешидани чораҳои таъсиррасон мебошад. Ҷиҳати беҳтар намудани самтҳои фаъолият махсусан дар самти  риояи Қоидаҳои техникаи бехатарӣ, тадқиқ намудани ҳодисаҳои нохуш, муқоиса намудани қатъшавиҳои технологӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, кам намудани талафоти энергия барқ, назорати ҷараёни пайвастшавӣ ва таъмини гармӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти истифодаи самараноку оқилонаи энергияи барқ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз натиҷаи кори ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, нусхаи протокол ба масъулини соҳа ирсол карда шуд.