Таҷлили бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ

20 марти соли 2024, 16:49 Дида шуд 86

     Рӯзи 20 марти соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки собиқадорони меҳнат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои минтақавӣ Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид.

    Меҳмонон аз гӯшаҳои наврӯзии ташкилнамудаи дастгоҳи марказӣ ва дигар раёсату шуъбаҳои минтақавӣ, ки бо ашёҳои ҳунарӣ, таомҳои миллӣ ва хосси Наврӯз оро дода шуда буданд, дидан карданд.     

    Чорабинии идонаро сардори Хадамот Ғолиб Убайдуллозода ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва ҳозиринро ба ифтихори соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд.    

    Дар қисмати дигари чорабинии идона, ки аз суруду рақсу тарона иборат буд, хотири иштирокчиён болида гардид.