Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар соли 2023

5 январи соли 2024, 08:26 Дида шуд 104

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар соли 2023

    Санаи 04 январи  соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки роҳбарияти Хадамот, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳамадзода С., муовини раиси ҶСК “Барқи Тоҷик” Қурбонзода А.,  директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Маҳмудзода М., менеҷери Департаменти тақсимоти барқи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Раҳматзода Б., муовини директори Муассисаи шабакаҳои  гармидиҳандаи ш. Душанбе Акрамҷонзода А., сармуҳандиси филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Сайфуллоев Қ,  директори филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Розиқов А.,  роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе Самӣ Даврон, роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Самизода А., сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ, дастгоҳи марказӣ, кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои шаҳри Душанбе, ШНТҶ, МД “Маркази таълимӣ ва Озмоишгоҳи электротехникӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 гузаронида шуд.

          Сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. баъди кушодани ҷаласа ва муаррифии меҳмонон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2023 ва вазифаҳо дар семоҳаи якуми соли 2024  гузориши муфассал пешниҳод намуд.

      Қайд гардид, ки дар маҷмӯъ дар соли 2023 нишондиҳандаҳои Хадамот дар тамоми самтҳо нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 назаррас ва мусбӣ буда, аз 1,1 то 1,7 маротиба   зиёд мебошанд.

            Аз ҷумла: корҳои фаҳмондадиҳӣ 1,3 маротиба, насби таҷҳизоти ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ 140%,  миқдор санадҳои қоидавайронкунӣ 1,4 маротиба, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1,4 маротиба, санҷиши дониши масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон 1,1 маротиба, озмоиши электротехникии заминпайвандҳо 1,2 маротиба ва расонидани дастурҳо оид ба дигар намуди сӯзишворӣ гузаштан 1,7 маротиба  зиёд мебошад.

Дар соли 2023  дар зерсохторҳои ҶСК “Барқи Тоҷик” қатъшавии дараҷаи I 1 адад ва дараҷаи II 10 адад  ба амал омадааст, ки дар умум нисбат ба ҳамин давраи соли 2022- 5 адад зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои Раёсати марказии танзимгарӣ қатъшавиҳои  технологӣ нисбат ба маълумотҳои  ҶСК “Барқи Тоҷик” 85 адад зиёд мебошад.

   Дар таҷҳизоти барқии 110-500кВ-и филиалҳои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” 27 адад қатъшавии дараҷаи II ба амал омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022,  11 адад кам мебошад.

   Инчунин  тибқи маълумотҳои Раёсати марказии танзимгарӣ қатъшавиҳои  технологӣ нисбат ба маълумотҳои  ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” 94 адад зиёд мебошад, яъне қатъшавии  технологии бо сабабҳои обу ҳаво ба амал омада ба қайд гирифта нашудаанд.

   Дар таҷҳизоти барқии 6-35кВ ва зеристгоҳҳои барқии 35-110кВ-и филиалҳои ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 2928 адад қатъшавии дараҷаи I ва II ба амал омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022,  834 адад зиёд мебошад. ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” низ қатъшавии  технологии бо сабабҳои обу ҳаво ва баамаломадаро ба қайд нагирифтаанд.

     Вобаста ба иқтидори манбаъҳои истеҳсоли гармӣ 3200 иншоот тибқи таъинот ва нақшаи пешниҳоднамудаи Муассисаи шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо МИҲД ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои гирифтани гармӣ пешбинӣ гардида буд, ки ин нисбат ба нақшаи соли гузашта 200 иншоот зиёд мебошад.

        Дар самти омодагии бинову иншоот барои қабули гармӣ шурӯъ аз санаи 24 июли соли 2023 корҳо оғоз гардида, то санаи 01 январи соли 2024 аз 3200 бинову иншоот ҳолати омодагии системаи гармитаъминкунии 3173 бинову иншоот аз назар гузаронида шуда, бо шиносномаи тайёрӣ таъмин гардидаанд, ки ин 99,1% - и нақшаро ташкил медиҳад, яъне нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2022  209 иншоот ё 107% зиёд  бо шиносномаи тайёрӣ таъмин гардидаанд.

        Шурӯъ аз 17 октябр соли 2023 интиқоли гармӣ ба шаҳри Душанбе оғоз гардида то 01 январи соли 2024 дар н. Шоҳмансур 686 иншоот (нақша 660) ё 104%, н. И.Сомонӣ иншоот 560 иншоот (нақша 544) ё 103%, н. Сино  1437 иншоот (нақша 1379) ё 104%, н. Фирдавсӣ аз 617 иншоот 464 иншоот ё 75% ва ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе аз 3200 иншоот 3147 иншоот бо назардошти 150 иншооти иловагӣ бо энергияи гармӣ таъмин шуда истодааст, ки ин 98,3 %-и нақша мебошад.

      Хадамот дар  давраи ҳисоботӣ  18 ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохушро ба қайд гирифт ки, нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022 4 ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш кам гардидааст.

       Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа суханронӣ намуда, оид ба камбудию норасоиҳо дар фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва нишон надодани натиҷаҳои назаррас эрод гирифтанд.

       Сипас сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ва дастгоҳи марказии Хадамот ба музокира баромада, ба саволҳои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. посух гуфтанд. 

      Ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Хадамот, баланд бардоштани мақоми назоратии он ва ислоҳи камбудию норасоиҳо аз ҷониби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа  дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо, паст кардани сатҳи талафоти энергияи барқ, назорати гармии мутамарказ дар пойтахти кишвар, ҳолати омодабошии пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.