Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори таҷлили иди «Рӯзи кормандони соҳаи энергетика»

21 декабри соли 2023, 15:05 Дида шуд 100

Баргузории  ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори таҷлили иди «Рӯзи кормандони соҳаи энергетика»

 

          Санаи 21 декабри соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба муносибати таҷлили иди касбии «Рӯзи энергетикҳо» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ”, озмоишгоҳи электротехникӣ, сардорону намояндагони раёсатҳои минтақавии Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Суғд, Истаравшан  иштирок намуданд.      

          Инчунин дар ҷаласа муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим,  муовини Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони  энергетикаи Тоҷикистон Мақсудзода Далер, собиқ директори генералии “Тоҷикэнергонадзор” Самадӣ Шабакарбек, собиқ сардори  “Назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Хоҷаева Уғулой, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина  ширкат доштанд.

         Нахуст сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. дар баромади табрикотии худ дар бораи таърихи ҷашни иди касбӣ, дастовардҳои соҳаи энергетика маълумот дода, кормандон ва меҳмононро шодбош гуфтанд. Сипас муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. кормандонро табрик намуд.  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода И. аз заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи энергетика ёдовар шуда, дар якҷоягӣ бо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З. нозирон-кормандони Хадамотро  бо ифтихорномаҳои ҳизбӣ сарафроз намуданд. Ҳамчунин   муовини Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон Мақсудзода Д. табрикоти худ, ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи энергетикаро ба кормандони фаъоли Хадамот  тақдим намуд. Баъдан Самадӣ Ш. ва Хоҷаева У. собиқадорони меҳнат-роҳбарони аввалаи Хадамот аз давраҳои роҳбарии худ ёдоварӣ намуда, кормандони соҳаро ба муносибати иди касбӣ - “Рӯзи энергетикҳо”  табрику шодбошӣ  намуданд. 

         Роҳбарияти Хадамот ва Кумитаи иттифоқи касаба бо қадрдонӣ аз  фаъолияти пурсамар дар нишондиҳандаҳои мусбӣ ва хизматҳои шоиста дар соҳаи энергетика   ба 29 нафар кормандони беҳтарини раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ, МД “Муассисаи таълимӣ” ва озмоишгоҳи электротехникӣ ифтихорномаҳои Хадамотро супориданд.