Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2022

5 июли соли 2022, 14:59 Дида шуд 268

         Рўзи 5 июли соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо дар давоми соли ҷорӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раисии сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб баргузор гардида, дар он муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ, сардори Департаменти неругоҳҳои истеҳсоли барқу гармии ШСХК “Барқи Тоҷик” Табаров А. Г., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Б., сардори Хадамоти истеҳсолӣ-техникии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Сафарзода А., муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Ёров Қ., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ., роҳбари Филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Душанбе Самӣ Даврон, роҳбари Филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Самизода А. иштирок намуданд.

      Муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо дар давоми соли ҷорӣ ҳисобот манзур намуд.

        Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. А. дар бораи зери назорат қарор додани иҷрои саривақтии дастурҳои додашуда, ташкили Гурӯҳи корӣ оид ба изофанависии масрафи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ ва дастрасӣ ба барномаи биллингӣ бо мақсади назорат ба масъулин    супоришҳо доданд.

      Дар ҷараёни ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои Хадамот доир ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти сохторҳои энергетикӣ ва истифодабарандагони энергияи барқ маълумот дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо таклифу пешниҳод манзур намуданд.

         Сардори Хадамот ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва шаҳрию минтақавӣ ҷиҳати беҳтар намудани самтҳои фаъолият, корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хабарҳои охир