Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2022

14 апрели соли 2022, 07:38 Дида шуд 342

Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2022

       Рӯзи 12 апрели соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар   семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои давоми соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Қурбонзода А., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Б., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Р., сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С., муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Акрамҷонзода А., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ.,   роҳбари техникии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Умаров Х., сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии давлатии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Ф.    иштирок намуданд.

        Баъди ифтитоҳи ҷаласа  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб дар гузориши худ оид ба фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2022 маълумот дод. Қайд гардид, ки дар маҷмӯъ дар семоҳаи якуми соли 2022   нишондиҳандаҳои Хадамот дар тамоми самтҳо нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2021 назаррас ва мусбӣ буда, аз 1,2 то 6 маротиба   зиёд мебошанд.

     Аз ҷумла: муоинаҳои техникии мақомот ва муассисаҳои давлатӣ 117%, корҳои фаҳмондадиҳӣ  1,4 маротиба, тақсимоти буклетҳои тарғиботӣ   1,4 маротиба, насби таҷҳизоти ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ 105%,  миқдор ва маблағи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутаносибан 1,4 ва 1,5 маротиба, миқдор ва маблағи санадҳои қоидавайронкунӣ мутаносибан 1,2 ва 2,1 маротиба, санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва санҷиши сатҳи дониш 1,8 маротиба,  баланд бардоштани савияи тахассусии  шахсони масъули хоҷагии энергияи барқ ва ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ   1,2 маротиба, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва пардохти маблағи он ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 111% зиёд мебошад.

        Баъди гузориши сардори Хадамот сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ба музокира баромада, ба саволҳои Вазир ва сардори Хадамот посух доданд.  Дар умум фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардид. Инчунин кору фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамот дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ карда шуд.

         Ҳамзамон аз ҷониби  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо, бахусус аз ҳисоби занон, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, кам кардани талафоти энергияи барқ, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.