Ҷашни Наврӯзии Хадамот

19 марти соли 2022, 10:32 Дида шуд 390

Баргузории

ҷашни Наврўз дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ

          Санаи 19 марти соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ иди байналмилалии “Наврўз” бо шукуҳу шаҳомати хоссае  ҷашн гирифта шуд. Дар тантанаи идона кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони раёсатҳои минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Суғд, Истаравшан,  Зарафшон, МД “Маркази таълимӣ” ва Озмоишгоҳи электротехникӣ иштирок намуданд.      

          Инчунин дар тантанаи идона муовини аввали   Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ, сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбони Холмуҳаммадзода, директори Маркази барқу гармидиҳии ш. Душанбе Ниёзов Умаралӣ  ва собиқадорони Хадамот Шеров Хусрав, Каримов Мавлон, Ҳамидов Нуъмон, Маҳмадаминов Садриддин, Насимов Мамадмусо, Қосимов Азизулло ва Ҷумъаев Саид ширкат доштанд.

    Дар оғоз сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон меҳмонон, собиқадорони соҳа ва кормандонро хуш омадед гуфта, бо ҷашн муборакбод намуда, таманниёти Наврӯзии худро эҳдо намуданд. Зери таронаю рақсҳои марғуби идона ҳайати комиссияи озмунӣ бо иштироки меҳмонон аз "Гӯшаҳои Наврӯзӣ" дидан намуда, бо расму оини миллии мардумони таҳҷоӣ шинос шуданд.  Кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот бо ихлосу муҳаббати беандоза нисбат ба ҷашни Наврӯз дар "Гӯшаҳои наврӯзӣ"-и худ таъомҳои миллии баҳорӣ, нақшу нигораҳои дастии миллиро ҷой дода, бо шеъру тарона табъи ҳозиринро шоду мамнун намуданд.

     Дар интиҳои чорабинӣ сардори Хадамот натиҷаи озмуни "Гӯшаи беҳтарини Наврӯзӣ"-ро эълон намуданд. Ҷойи якум ба раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷойи дуюм ба РНДЭ шаҳри Душанбе ва Озмоишгоҳи электротехникӣ, ҷойи сеюм ба раёсатҳои назорати давлатии энергетикии вилоятҳои Суғд ва Хатлон дода шуд.

     Инчунин натиҷаҳои чорабиниҳои варзишӣ, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай се ҳафта қабл аз ҷашн гузаронида шуда буд,  эълон карда шуд. Дар бозии футболи хурд ҷойи аввал ба тими мунтахаби раёсатҳои вилояти Хатлон, ҷойи дуюм ба тими мунтахаби раёсатҳои вилояти Суғд ва ҷойи сеюм ба тими мунтахаби раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ дода шуд. Дар бозии волейбол ҷойи якум ба тими  раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва ҷойи дуюм ба тими мунтахаби раёсатҳои вилояти Суғд дода шуд.

       Ғолибон бо ҷоизаҳо, аз қабили тӯҳфаҳои пулӣ, ҷому сипосномаҳои роҳбарият ва Кумитаи иттифоқи кабасаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ қадрдонӣ карда шуданд.