АВВАЛИН БОР

27 январи соли 2022, 15:42 Дида шуд 395

«Аввалин бор»

  • Моҳи январи соли ҷорӣ бори аввал  озмоиши лаборатории трансформатор гузаронида шуд.
  • Нахустин бор дар Хадамот ҷаласаҳои онлайнӣ (селекторӣ) роҳандозӣ карда шуд.
  • Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба самараноку оқилона истифода бурдани энергияи барқ, истифодаи васеи технологияи муосири каммасрафи барқӣ тавассути ирсоли паёмакҳои гурӯҳӣ бо ширкатҳои алоқаи мобилӣ  амалӣ шуда, дар ин раванд корбарӣ ҷараён дорад.
  • Аввалин бор, баъди 5 соли охир, муоинаи техникии 687 км хатҳои интиқоли барқи 500 кВ гузаронида шуд.
  • Кори стансияи телефонҳои дохилии Хадамот тақвият бахшида, тавассути стансияи дохилӣ (АТС) имконияти бо телефонҳои мобилӣ пайваст шудан фароҳам оварда шуд (ҳамчун коммутатор).
  • Аввалин маротиба дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати таҷлили 85-солагии «Рӯзи энергетикҳо» роҳбарони  собиқи Вазорати энергетика, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Хадамот Баҳром Сироҷев, Абдулло Ёров, Уғулой Хоҷаева, Самадӣ Шакарбег ташриф оварда, аз лаҳзаҳои хотирмони фаъолияти худ ёдовар шуданд.
  • Баъди солиёни дароз китобхонаи Хадамот таҷдид гардида, бо китобҳои техникӣ ва бадеӣ ҷиҳозонида шудааст.
  • Барои кормандон ва корафтодагон таваққуфгоҳи нақлиётӣ омода карда шудааст.