Тантанаи иди касбӣ

22 декабри соли 2025, 15:23 Дида шуд 181

22-юми декабри соли 2025, шаҳри Душанбе.  Дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори иди касбӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Директори Агентӣ Сорбон Холмуҳамадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамаи  кормандонро ба муносибати рӯзи кормандони соҳаи энергетика табрик гуфта, ҳамзамон табрикоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзодаро расониданд. Қайд гардид, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои асосӣ барои рушд кардани соҳаҳои иқтисодиёт ба шумор рафта, бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои роҳбарияти кишвар рӯз ба рӯз  ба таҷдиду навсозиҳо фаро гирифта шудааст. Махсусан дар фасли сармо, ки норасоии муваққатии неруи барқ эҳсос мегардад, фаъолияти мо – кормандони соҳаи энергетикаро дучандон масъулиятнок мегардонад. Новобаста ба ин, моро зарур аст кору фаъолиятро ҷоннок намуда, корҳои назоратию ташвиқотиро ҷиҳати баланд бардоштани маданияти истифодабарии оқилонаи неруи барқу гармӣ  роҳандозӣ намоем.

Собиқадори соҳа Ҷура Бобоев андешаҳои худро дар бораи касби пуршарафи барқкорӣ баён дошта, аз таърихи ташаккул ва рушди соҳаи энергетика қисса намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа як қатор кормандон бо ифтихорномаю сипосномаҳои Агентӣ, кумитаи иттифоқи касаба, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон