Вохӯрӣ бо кормандони Агентии коррупсия
27 ноябри соли 2025, 15:03 Дида шуд 235
27-уми ноябри соли 2025, шаҳри Душанбе. Дар толори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷоя баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якуми директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Муминзода оғоз намуда, дар бораи нақшаи чорабиниҳои Агентӣ дар самти муқовимат ба коррупсия маълумоти мухтасар дод.
Сипас намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Одил оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия маълумот дод. Қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст.
Пешгирӣ накардани ин ҷинояти вазнин боиси заиф гардидани сутуни давлатдорӣ ва коста гардидани обрӯи давлат дар арсаи байналмиллалӣ мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани шиддати коррупсия ва мунтазам аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, ватани азизамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем.
Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар риоя ва иҷрои муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз қабили “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” намунаи ибрат бошем.
Дар охир Муминзода М. кормандонро вазифадор намуд, ки вобаста ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” марҳилаи якум то соли 2026 дар байни коллективҳои корӣ дар масъалаи муқовимат ба коррупсия суҳбату мулоқотҳо баргузор намуда, пешбурди корҳои иттилоотию маърифатиро дар самти мазкур бо ҷалби масъулини соҳа васеъ ба роҳ монанд. Зеро ба мақсад мувофиқ аст, ки тавассути чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои дигари самарабахш, сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ҳамкории мутақобилаи судманд байни масъулини Агентӣ ва қишрҳои дигари ҷомеа ба роҳ монда шавад.
Тоҷики 






