Баргузории ҳамоиши тантанавӣ дар Агентӣ

14 ноябри соли 2025, 10:07 Дида шуд 238

Санаи 14-уми ноябри соли 2025 дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки роҳбарият, сармуҳаррири рӯзномаи “Народная газета” Камолова М., собиқадори соҳаи энергетика Бобоев Ҷ. ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.  

Ҷамъомад бо қироати Суруди миллӣ оғоз гардида, Директори Агентӣ Холмуҳамадзода С. дар бораи таърихи рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, дар бораи иқдомҳои созанда, талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод.

Қайд гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ва таҷассуми эҳтиром ба заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад. Дар ин рӯз мо аз талошу ҷонбозиҳои Президенти кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ бояд ёдовар шавем.

Сипас сармуҳаррири рӯзномаи “Народная газета” Камолова М. дар бораи хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозӣ ва эъмори ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин эҳёи фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ маълумот дод.

Маврид ба зикри хос аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани мо сиёсати хориҷии мустақил ва дипломатияи миллии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли беш аз 57 созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон намунаи олии ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошанд. Ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши махсус ва босазо дошта, таҷрибаи ӯ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқ ва равобити байналмилалӣ дорои унсурҳои ибратомӯз мебошад.

Бобоев Ҷ. – собиқадори соҳаи энергетика бо ифтихор аз таҷрибаи кории худ ва сифатҳои олии раиятпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти маҳбуб ва мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол  намунаи ибрат бошанд.

Дар интиҳои ҷаласа мутахассисони болаёқат бо ифтихорномаҳои Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон