НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2025

17 октябри соли 2025, 10:04 Дида шуд 109

17-уми октябри соли 2025, Душанбе. - Таҳти раёсати Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, роҳбарияти ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, филиалҳои Маркази барқу гармидиҳии 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, шаҳрию минтақавӣ, МД “Маркази таълимӣ ва Озмоишгоҳи электротехникӣ” ширкат доштанд.

Ҷаласаро Сорбон Холмуҳамадзода ифтитоҳ намуд.

Сипас, муовини директори Агентӣ Беҳрӯз Ҳасанзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол гузориш дод.

Тибқи иттилоъ, дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 272 млн 133 ҳазор кВт/соат изофанависии неруи барқ ошкор гардид, ки маблағи он 92 млн 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ барои қонуншиканӣ 2768 парвандаи ҳуқуқвайронуқнии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар ҷараёни гузориши роҳбарияти ҷамъиятҳои истеҳсол, интиқол ва таъминкунандаи энергияи барқу гармӣ ба саволу эродҳо посух доданд.

Гуфта шуд, ки дар корхонаву муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои расмӣ ҷиҳати сарфаю сариштакорона истифода намудани энергияи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар идома, ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои зертобеи Агентӣ дар шаҳру минтақаҳо шунида шуд.

Дар фароварди ҷаласа Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентӣ, баҳри бартараф намудани камбудиҳо, баланд бардоштани сифати корҳои назоратӣ ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ ба масъулон дастуру супоришҳо ва барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлатҳои мушаххас доданд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон