Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ

7 октябри соли 2025, 07:38 Дида шуд 102

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ  ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

Санаи 7-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2025 ва рафти иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ дода шуда мариди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори он Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон