Тантанаи Рузи забони давлатӣ

7 октябри соли 2025, 07:35 Дида шуд 69

03-юми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар Агентии назорати давлатии энергетикӣ  ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи ҷаласа Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентӣ, суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи фархунда самимона шодбош гуфт ва таъкид кард, ки забони давлатӣ ҳувияти миллии мост ва ҳифз ва баланд бардоштани нуфузи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди кишвар мебошад.

Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ дар даврони ташаккули худ бисёр марҳалаҳои тулонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, дар даврони истиқлол ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ идома дода истодааст.

 Дар идома, Беҳрӯз Ҳасанзода, муовини директор, Ҷумагул Матробова, сармутахассиси Агентӣ, дар бораи таърихи забони тоҷикӣ ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва рушду густариши забони давлатӣ баромад намуданд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон