Баргузории ҷаласаи фаъолияти Агентӣ

16 июли соли 2025, 13:44 Дида шуд 291

15-уми июли соли 2025, Душанбе. - Таҳти раёсати Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, шаҳрию минтақавӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, МД “Маркази таълимӣ ва Озмоишгоҳи электротехникӣ” ширкат доштанд.

Пас аз ифтитоҳи ҷаласа сардори шуъбаи арзёбии санҷишҳо, масъалаҳои техникӣ ва техникаи бехатарӣ М. Одинаев оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо дар давоми соли ҷорӣ гузориш дод. 

Дар идома ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои зертобеи Агентӣ дар шаҳрҳо ва минтақаҳо шунида шуд. 

Зимни гузоришҳо таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи саривақтии нақшаи санҷишҳо, баланд бардоштани самаранокии назорат, таъмини иҷрои талаботи қонунгузории соҳа ва ҳолати риояи техникаи бехатарӣ зоҳир гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентӣ, баҳри бартараф намудани камбудиҳо, баланд бардоштани сифати корҳои назоратӣ ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Таъкид гашт, ки то ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи сеюм бояд ҳамаи нишондиҳандаҳои фаъолияти санҷишӣ баланд бардошта шаванд.

 

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон