Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025
10 апрели соли 2025, 08:45 Дида шуд 501
Санаи 09 апрели соли 2025 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки роҳбарияти Хадамот, сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Қ., сардори раёсати эътимодият ва манбаъҳои барқароршавандаи энергияи ҶСК “Барқи Тоҷик” Қурбонализода С., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Усмонов Б., менеҷери Департаменти тақсимоти барқи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Раҳматзода Б., муовини сармуҳандиси Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи ш. Душанбе Ҷабборов Н., роҳбари техникии филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Сайфуллоев Қ, сармуҳандиси филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Иброҳимов М., роҳбари техникии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе Шарипов А., роҳбари техникии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Умаров Х., сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, шаҳрию минтақавӣ, кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои шаҳри Душанбе, ШНТҶ, МД “Маркази таълимӣ ва Озмоишгоҳи электротехникӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2025 гузаронида шуд.
Сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. баъди кушодани ҷаласа ва шиносоии меҳмонон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо дар давоми соли 2025 гузориши муфассал ироа намуд.
Қайд гардид, ки Хадамот тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025, №915 “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” то муҳлати амали он дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла ташкилотҳои таъминкунандаи барқ санҷиш нагузаронидааст.
Дар натиҷаи корбарии кормандони Хадамот дар се моҳи соли 2025 дар 78 корхона 295 адад дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ насб гардидааст, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2024 5 корхона ё 107% зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ меъёрҳои сарфи хоси энергияи барқ барои истеҳсоли воҳиди маҳсулоти 550 корхонаҳои саноатӣ мувофиқа карда шудааст, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2024 - 82 адад кам мебошанд.
Ҳамзамон 1019 ҳисоботи шакли 11-РЭ-и истифодаи энергияи барқи корхонаҳо таҳлил карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2024 24 ҳисобот кам мебошанд. Яке аз сабабҳои асосии кам гардидани ин нишондиҳандаҳо манъ гардидани гузаронидани санҷиш дар корхонаҳои саноатӣ мебошад.
Натиҷаи санҷишҳои пойгоҳҳои обкашӣ нишон дод, ки ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ танҳо 177 пойгоҳҳои обкашӣ ё 58 % ба мавсим омода буда, ба санаи зикршуда барои пайвастшавӣ ба шабакаи барқ танҳо тибқи муроҷиати расмӣ ба 25 пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ашт ва шаҳри Конибодом дастури пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ дода шудааст.
Санҷиш нишон дод, ки дар 303 пойгоҳҳои обкашӣ баҳисобгирии энергияи барқ тавассути 354 нуқта бо насби 297 ҳисобгираки электронӣ ва 57 ҳисобгираки индуксионӣ амалӣ карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки 5 ҳисобгираки барқии электронии дар соли 2024 насб гардида, сӯхта корношоям шудаанд, то ҳол барқарор карда нашудаанд.
Вобаста ба иқтидори манбаҳои истеҳсоли гармӣ 3200 иншоот тибқи таъинот ва нақшаи пешниҳоднамудаи Муассисаи шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои гирифтани гармӣ омода шуда, 100 дарсад бо энергияи гармӣ таъмин мебошанд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ҶСК «Барқи Тоҷик» дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, фаъолияти истеҳсолии марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳо бо истифода аз сӯзишвории мазут, гази табиӣ ва ангишт бо сарбории 420МВт ва 515 Гкал/соат ба роҳ монда мешуд, аммо ба ҳисоби миёна 341МВт ва 352 Гкал/соатро ташкил медиҳад.
Аз тарафи нозирони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбати 730 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 193 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудаанд, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2024 262 адад ба маблағи 63 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва сабабаш манъ гардидани санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ мебошад.
Инчунин, нисбати 196 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти қудратӣ пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ бароварда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2024 242 адад ва 36 ҳазор сомонӣ кам мебошад,
Ҳамзамон нисбати истифодабарандагони энергияи барқ 293 санадҳои вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергия барқ ва гармӣ дар ҳаҷми 2790 ҳазор кВт.с ба маблағи 2535 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2024 282 санад кам буда, дар ҳаҷми 481 ҳазор кВт.с ба маблағи 869 ҳазор сомонӣ ё 1,5 маротиба зиёд мебошад.
Санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳои 689 корхонаю ташкилот, муассиса ва дастгоҳҳои навпайваст гузаронида шудаанд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2024 85 санҷиш кам мебошад.
Ташхиси 454 воситаҳои ҳимоявӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2024 275 адад ё 1,4 маротиба зиёд мебошад.
Сабаби кам гардидани ин нишондиҳандаҳо низ манъ гардидани санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад.
Сатҳи дониши 1625 масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон санҷида шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2024 161 нафар ё 111 дарсад зиёд мебошад.
Савияи тахассусии 77 нафар шахсони масъули хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо, баланд бардошта шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2024 104% зиёд мебошад.
Хадамот дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2025, №2к/27-12 ва аз 19 марти соли 2025, №2к/27-14 ҳолати истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқро дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи корӣ, дар ҳайати мақомоти қудратӣ мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дод.
Дар давоми моҳи марти соли ҷорӣ дар ҶДММ “Ориёи Колхозобод”, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян гардид, ки ҷамъияти мазкур тавассути се адад истгоҳҳои трансформаторӣ бо тавоноии умумии 7300кВА (1х1000 кВА, 2х 3150 кВА) энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор истифода намудааст, ки дар натиҷа ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 81 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 110 млн. сомонӣ зарар расонидааст. Инчунин дар шаҳри Левакант муайян гардид, ки ҶДММ “Паймонаи Заррин” (7,1 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ва ҶДММ “Сементи рушди Хатлон” (6,4 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 9 млн. сомонӣ) низ энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор истифода намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 13,5 млн. кВт х с ба маблағи зиёда аз 18,9 млн. сомонӣ зарар расонидаанд. Ҳамзамон санҷиш дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан низ истифода гардидани энергияи барқро барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор ошкор намуд, ки зарари расонидаи онҳо низ миқдори зиёда аз 366 ҳ.кВт х с ба маблағи зиёда аз 465 ҳ.сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон мутахассисони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ зиёда аз 40 ҳолати қоидавайронкунии муштариёнро ба маблағи зиёда аз 1 млн сомонӣ ошкор намуда, чораҳои дахлдор андешидаанд.
Инчунин санҷиши Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони Хадамот дар Шабакаҳои барқии ш. Ваҳдат 5,2 млн сомонӣ, дар н.Рӯдакӣ 0,5 млн сомонӣ ва дар н. Шаҳринав 1 млн сомонӣ ҳолатҳои изофанависии нерӯи барқро дар суратҳисоби муштарён, қисми зиёдашон аҳолӣ мебошанд, ошкор намуданд. Корбарӣ дар ин Шабакаҳои барқӣ идома дорад.
Аз ҷониби мутахассисони Хадамот дар муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои маишӣ, ҷамоатҳо инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи энергияи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, буклетҳои тарғиботӣ тақсим карда шудааст.
Ҳамзамон тавассути радиои «Ховар» ва телевизиони “Душанбе” дар моҳи марти соли ҷорӣ пахши рекламаҳои тарғиботӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода намудани энергияи барқ ба роҳ монда шуд.
Сипас сардори Хадамот аз сардорони воҳидҳои сохторӣ сабабҳои паст шудани баъзе нишондиҳандаҳоро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастур ва оид ба ворид намудани тағйироти зарурӣ ба лоиҳаи Протоколи ҷаласа ва ба тасвиб расонидани он ба масъулин супоришҳо доданд.
Тоҷики 









