Баргузории ҳамоиши тантанавӣ барои рӯзи Модар

7 марти соли 2025, 14:17 Дида шуд 335

Санаи 7 марти соли 2025 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҳамоиши тантанавӣ зери унвони “Зан Модар – сарчашмаи ҳаёту зиндагист” баргузор гардид. 

Дар ҳамоиш муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон ва раиси Кумитаи иттифоқи касаба Соҳибзода Нуриддин аз номи роҳбарият  коллективи бонувони Хадамотро табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаю гулҳо тақдим намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби кормандон дар ситоиши Зан - Модар андарзу сурудҳо қироат гардид. Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аз ҷониби сарояндагону навозандагон дар васфи Зан – Модар суруду оҳангҳои марғуб танинандоз гардида, хотири иштироккунандагонро шод гардонид.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон