Баргузории ҷаласаи якҷояи роҳбарият ва Комиссияи ҷамъиятӣ
10 феврали соли 2025, 15:04 Дида шуд 404
Санаи 10 феврали соли 2025 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи якҷояи роҳбарият ва комиссияи ҷамъиятӣ барпо гардид. Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. оғоз карда, қайд намуд, ки тибқи банди 2 нақшаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ вобаста ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронидани ҷаласа ба назар гирифта шудааст. Сипас барои шарҳ додани моддаҳои асосии Қонун сухан ба котиби Комиссияи ҷамъиятӣ – сардори шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил Ҳаитов С. дода шуд.
Ҳаитов С. – котиби Комиссияи ҷамъиятӣ дар баромади худ қайд намуд, ки қонуни қаблӣ аз 5 боб, 16 модда ва Қонуни дар таҳрири нав қабулгардида аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Сипас дар бораи моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин росто сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. қайд намуд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд мазмуну муҳтавои ду қонуни миллӣ - “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро донанд ва риоя намоянд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамот барои соли 2025 оид ба амалигардонии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо сардорон ва масъулини раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо Назирова М. вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маълумот доданд. Қайд гардид, ки масъулини раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавии Хадамотро зарур аст, ки бо мақсади татбиқи Стратегияи болозикр дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар масъалаи муқовимат ба коррупсия суҳбату мулоқотҳо баргузор намуда, пешбурди корҳои иттилоотию маърифатӣ дар самти мазкур бо ҷалби масъулини соҳа, дар байни кормандон ба роҳ монанд. Зеро ба мақсад мувофиқ аст, ки тавассути чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои дигари самарабахш, сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ҳамкории мутақобилаи судманд байни масъулини Хадамот ва қишрҳои дигари ҷомеа ба роҳ монда шавад.
Тоҷики 











