Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар соли 2024
8 январи соли 2025, 13:43 Дида шуд 243
Санаи 07 январи соли 2025 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки роҳбарияти Хадамот, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода М, сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Қ. и сардори Сарраёсати баҳрабардории неругоҳҳои ҶСК «Барқи Тоҷик» ҶСК “Барқи Тоҷик” Шарипов Р., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Р., менеҷери Департаменти тақсимоти барқи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Раҳматзода Б., муовини сармуҳандиси Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи ш. Душанбе Ҷабборов Н., роҳбари техникии филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Сайфуллоев Қ, директори филиали ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2»-и ҶСК “Барқи Тоҷик” Розиқов А., роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе Самӣ Даврон, роҳбари техникии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Умаров Х., сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашии ва ЗБ-ии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фузайлӣ Файзулло, сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ, дастгоҳи марказӣ, кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои шаҳри Душанбе, ШНТҶ, МД “Маркази таълимӣ ва Озмоишгоҳи электротехникӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024 гузаронида шуд.
Сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. баъди кушодани ҷаласа ва муаррифии меҳмонон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2024 ва вазифаҳо дар семоҳаи якуми соли 2025 гузориши муфассал ироа намуд.
Қайд гардид, ки Хадамот дар соли 2024 дар доираи иҷрои санҷишҳои нақшавии субъектҳои хоҷагидор, ки бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мувофиқа гардидааст, санҷиши 3116 (нақша-3522) субъектро амалӣ намуда, 88,5 % нақшаро иҷро намуд.
Инчунин, 1911 муоинаи техникии дастгоҳҳои барқӣ ва истифодаи самараноку сарфакоронаи энергияи барқи мақомот ва муассисаҳои давлатӣ гузаронида шуд, ки дар умум нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2023 456 муоина ё 110 % зиёд мебошад.
Дар раванди ин санҷишҳо 293 муоинаи техникии зеристгоҳҳои барқии 35-500 кВ, 6686 адад истгоҳҳои трансформаторӣ, 1983 км хатҳои интиқоли барқи 35-220 кВ ва 7147 км хатҳои интиқоли барқи 10-6-0,4 кВ, 300 пойгоҳи обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3315 дастгоҳи барқии навпайваст бо тавоноии 387 616 кВт, насби трансформаторҳо бо тавоноии 510 942 кВА ва дигар масъалаҳои пешбинишуда гузаронида шудааст.
Дар натиҷаи дастурҳои аз ҷониби мутахассисони Хадамот дар самти назорати насбу васл ва барқарор намудани кори дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ додашуда, шумораи корхонаҳои бо чунин дастгоҳҳо ҷиҳозонидашуда дар маҷмуъ, агар то 1 январи соли 2024 - 1410 корхонаро ташкил диҳад, пас ба ҳолати 1 январи соли 2025 ин рақам ба 1847 адад расонида шудааст. Яъне дар соли 2024 боз дар 437 корхона 1470 адад дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ насб гардидааст, ки нисбат ба аввали сол 131 % зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ меъёрҳои сарфи хоси энергияи барқ барои истеҳсоли воҳиди маҳсулоти 1211 корхонаҳои саноатӣ мувофиқа карда шудааст, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2023 - 139 адад ё 113 дарсад зиёд мебошанд.
Инчунин оид ба омода намудани дастгоҳҳои барқии истифодабарандагон ба давраи тирамоҳу зимистон ба 8049 корхона ва ташкилоту муассиса дастурҳо дода шудааст.
Натиҷаи муоинаҳои техникии омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрии соли 2024 гузаронидашуда муайян намуд, ки ҳолати омодагии пойгоҳҳо ба мавсими обёрии соли 2024 нигаронкунанда буд, камбудиҳои ошкоргардидаи солҳои қаблӣ низ ба пуррагӣ бартараф нагардидаанд.
Хомӯшшавиҳо дар фаъолияти 123 пойгоҳи обкашии минтақаҳои Суғд ва Истаравшан нишон дод, ки 241 ҳолати садамавӣ хомӯш гардидани агрегатҳо ба қайд гирифта шудааст, аз ин 201 ҳолат ё 83 дарсад бо сабаби ҷой доштани нуқсон дар кори таҷҳизоти худи пойгоҳҳои обкашӣ ба амал омадааст.
Вобаста ба иқтидори манбаҳои истеҳсоли гармӣ 3200 иншоот тибқи таъинот ва нақшаи пешниҳоднамудаи Муассисаи шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои гирифтани гармӣ омода шуда, 100 дарсад бо энергияи гармӣ таъмин мебошанд.
Аз тарафи нозирони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбати 4404 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1271 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуданд, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2023 780 адад ба маблағи 361 ҳазор сомонӣ ё 140 дарсад зиёд мебошад.
Инчунин, нисбат ба 1211 корманд протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти қудратӣ пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ба маблағи 156 ҳазор сомонӣ бароварда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023 665 адад ва 103 ҳазор сомонӣ кам мебошад, ки сабаби камшавиаш ба фаъолияти мақомоти зикршуда вобаста аст.
Санҷиши электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳои 8353 корхонаю ташкилот, муассиса ва дастгоҳҳои навпайваст гузаронида шудаанд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2023 1076 санҷиш ё 115 дарсад зиёд мебошад.
Ташхиси 2743 воситаҳои ҳимоявӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2023 842 адад ё 1,4 маротиба зиёд мебошад.
Сатҳи дониши 5783 масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон санҷида шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2023 62 нафар ё 101 дарсад зиёд мебошад.
Савияи тахассусии 400 нафар шахсони масъули хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо, баланд бардошта шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2023 17 нафар зиёд мебошад.
Намояндагони Хадамот дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва телевизионҳои вилоятӣ дар якчанд барномаҳои телевизионӣ баромад намуда, роҳҳои истифодаи оқилона ва самараноки энергияи барқро шарҳ доданд. Бо дарназардошти норасоии энергияи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон дар давраи ҳисоботӣ – 9010 адад буклетҳо ба таври ройгон тақсим карда шуд, дар 28363 субъектҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 5618 корҳои фаҳмондадиҳӣ ё 125 % зиёд мебошад.
Дар ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода М. суханронӣ намуда, оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳо дастурҳо доданд.
Аз ҷониби сардори Хадамот оид ба ворид намудани тағйироти зарурӣ ба лоиҳаи Протоколи ҷаласа ва ба тасвиб расонидани он ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Тоҷики 









