Баргузории иди касбӣ дар Хадамот ва Вазорат

23 декабри соли 2024, 09:29 Дида шуд 291

Баргузории  ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори таҷлили иди «Рӯзи кормандони соҳаи энергетика» дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Санаи 20 декабри соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба муносибати таҷлили иди касбии «Рӯзи энергетикҳо» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Қурбоналӣ,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоир, Директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоркунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддин,  собиқ сардори Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ Холиқзода Мавҷуда, Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо,   кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ”, озмоишгоҳи электротехникӣ, сардорону намояндагони раёсатҳои минтақавии Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Суғд, Истаравшан, Зарафшон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.      

Ҷаласаро  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб  ифтитоҳ намуда,  дар бораи таърихи ҷашни иди касбӣ, дастовардҳои соҳаи энергетика маълумот дода, кормандон ва меҳмононро шодбош гуфтанд. Дар идома меҳмонон дар бораи муҳимияти ин соҳаи афзалиятнок сухан намуда, кормандони соҳаро табику шодбошӣ намуданд.

Дар қисмати дуюми ҷаласа 22 нафар кормандони фаъол бо ифтихорномаю сипосномаҳои Хадамот, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон  дар рӯзи иди касбӣ 11 нафар кормандони Хадамот ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, билетҳои ҳизбиашон дар фазои тантанавӣ супурда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки нимаи дуюми рӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа оғоз намуда, дар бораи дастовардҳои соҳа маълумот доданд. Сипас кормандони беҳтарини дастгоҳи марказии Вазорат ва ташкилоту муассисаҳои соҳаи энергетика бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб бо Медали соҳавии “Аълочии соҳаи энергетика”, муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон ва сардори ШНДЭ минтақаи Зарафшон Шарифов Маъруф бо унвони  “Энергетики хизматнишондодаи ИДМ”, сардори РНДЭ минтақаи Истаравшан Қаюмов Анваршо, сардори шуъбаи назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ ва боло Маҳмадов Шариф бо Ифтихорномаи фахрии Шӯрои элетроэнергетикии ИДМ” ва сардори шуъбаи коргузорӣ, назорат ва таҳлил Ҳаитов Саидаҳмад бо Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сарафроз гардонида шуданд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон