Баргузории ҳамоиш-ҷаласаи тантанавӣ

15 ноябри соли 2024, 14:05 Дида шуд 325

 

Санаи 15 ноябри соли 2024 дар  Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихии         16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бакорандозии агрегати аввали НБО “Роғун” ҳамоиш-ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш-ҷаласаи тантанавӣ  роҳбарияти Хадамот,  сардори раёсати электроэнергетикаи   Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайруллозода Қурбон,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Ҳабибзода Зоир, Директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоркунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддин, муовини сардори раёсати иттилооти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло,   кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, МД “Маркази таълимӣ”, Озмоишгоҳи электротехникӣ ва намояндагони раёсату шуъбаҳои минтақавӣ  иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш-ҷаласаи тантанавӣ сардори Хадамот ва меҳмонони даъватшуда дар бораи  хизмату заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотимабахшии ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва шинохти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, рушду тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, иҷлосияи таърихсози 16 Шурои Олӣ ва бакорандозии агрегати аввали НБО “Роғун” суханронӣ карда, кормандонро табрику таҳният гуфтанд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш ҳунармандон дар васфи модар, ватан ва Президент суруду таронаҳо замзама намуданд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон