Ҷамъомад ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсия ва ҲХДТ
5 ноябри соли 2024, 13:47 Дида шуд 237
5 ноябри соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба муносибати 30-юмин солгарди рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъсисёбии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ҷамъомад доир карда шуд.
Сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон баъд аз изҳори таманниёти нек ба кормандон, оид ба аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат ва нақши муҳими Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, инчунин амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар суханронӣ намуд.
Дар идома, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо Сафаров Орзу дар мавзӯи “Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард. Қайд гардид, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии кишвар асосҳои сохтори давлатдорӣ ва муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро муайян карда, ба сифати санади сарнавиштсоз дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар нақши калидӣ дорад.
Тоҷики 










