Баргузории ҷаласаи тантанавӣ

29 октябри соли 2024, 10:10 Дида шуд 228

Санаи 28 октябри соли 2024 бахшида ба “Рӯзи кормандони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон”   дар Хадамот ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб ва раиси Кумитаи иттифоқи касаба Соҳибзода Нуриддин баромад намуда, дар бораи нақши Кумитаи иттифоқи касаба дар дастгирии кормандон, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ибрози ақида намуданд. Дар қисмати дуюми ҷаласа роҳбарият мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот Дурдонаи Эмомалиро, ки дар мусобиқаи варзишии намуди “Шашка” байни бонувон иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва ҷоизадори “Ҷоми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон” шуда буд, табрику таҳният гуфта, бо ифтихорнома ва мукофоти молиявӣ  қадрдонӣ намуданд.

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон