Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар 9 моҳи соли 2024
10 октябри соли 2024, 09:24 Дида шуд 354
Санаи 10-уми октябри соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобахш Шарифа Орусбек, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва шаҳриву минтақавии Хадамот ва дигар намояндагони корхонаву ҷамъиятҳои системаи энергетика ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар 9 моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, баъди кушодани ҷаласа ва муаррифии меҳмонон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо дар давраи баъдӣ бо гузориши муфассал баромад намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро гардидани дастурҳои зимни гузаронидани муоинаҳои техникӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ барои фаъолият дар мавсими обёрӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва шабакаҳои барқӣ додашуда ба кори боэътимоди низоми энергетикӣ дар маҷмуъ, мусоидат менамояд.
Сипас пурсиши сардорони раёсату шуъбаҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти анҷомдодаашон дар давраи зикргардида гузаронида шуд.
Зимни суханронии худ Худобахш Шарифа Орусбек оид ба пурра иҷро кардани санҷишҳои нақшавӣ ва ҷоннок кардани фаъолият дар давраи баъдӣ вазифагузорӣ кард.
Дар интиҳои ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобахш Шарифа Орусбек ва муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ аз сардорони раёсату шуъбаҳои Хадамот таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи навбатии фаъолият тақозо намуданд.
Тоҷики 











