Баргузории чорабинии омӯзишӣ

30 августи соли 2024, 09:28 Дида шуд 43

Санаи  29 августи соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки васеи кормандон чорабинии омӯзишӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ сардори раёсати ҳуқуқи Вазорати энергетика ва захираҳои об Рамазонзода Хусрав, мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Аминов Бурҳониддин, сарнозири раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Розиқзода Алихон ва сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ Шукуров Фурқат иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Ҷамъомадро сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории ҳамоишро ба ҳозирин баён намуд.

Дар ҳамоиш дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби меҳмонон-даъватшудагон муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд. 

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон