Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2024
16 июли соли 2024, 09:12 Дида шуд 489
Санаи 8-уми июли соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва шаҳриву минтақавии Хадамот ва дигар намояндагони корхонаву ҷамъиятҳои системаи энергетика ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Сардори Хадамот Ғолиб Убайдуллозода баъди кушодани ҷаласа ва муаррифии меҳмонон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо дар давраи баъдӣ бо гузориши муфассал баромад намуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласа аз корбарии баъзеи раёсату шуъбаҳо доир ба кам шудани нишондоди натиҷаҳои фаъолияташон нигаронӣ намуда, вобаста ба рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, зимни суханронии худ Ҷумъа Далер оид ба пурра иҷро нагардидани санҷишҳои нақшавӣ, корбарии суст дар самти ҷуброн намудани тавоноии реактивӣ, зиёд гардидани қатъшавиҳои технологӣ дар низоми энергетикӣ, риоя нагардидани минтақаҳои муҳофизатии хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, бе риояи талаботи зарурӣ додани шартҳои техникӣ, таҳлил намудани меъёри сарфи хоси неруи барқ барои истеҳсоли воҳиди маҳсулот, рақамикунонии додани шартҳои техникӣ, пурра насб нагардидани ҳисобгиракҳои барқии электронӣ дар пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, сари вақт ҷамъбаст нагардидани тавозуни неруи барқ, инчунин то кунун зиёд будани ҳаҷми талафот дар низоми энергетикӣ изҳори андеша карда, роҳу воситаҳои ҳалли минбаъдаи онҳоро аз масъулин тақозо кард.
Дар интиҳои ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер андешидани чораҳои интизомиро нисбат ба кормандоне, ки зимни амалӣ намудани уҳдадориҳои мансабӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд ва минбаъд дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои марбут ба ҷобаҷогузории кадрҳо дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ дар давраи навбатии фаъолият, ба масъулин вазифагузорӣ кард.
Тоҷики 







