МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – 2024

3 июли соли 2024, 08:12 Дида шуд 481

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа бояд дониста шавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои душвору мураккаби солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қатъият раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳалаи ободкорӣ ва созандагӣ, мавқеи устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талабот акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.

Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023.

Ҳуқуқ – он чӣ, ки ҳақиқат ва одилона аст.

Маърифати ҳуқуқӣ - ин паҳн кардани дониш дар бораи ҳуқуқ, шарҳи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, амалияи татбиқи онҳо, фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳо оид ба паҳн намудани арзишҳо оид ба ҳуқуқ, озодию уҳдадориҳои шаҳрвандон ва роҳҳои татбиқи ҳуқуқии онҳо, ба таври мунтазам таъсир расонидан ба шуур ва рафтори насли наврас бо мақсади ташаккули ақидаҳо, арзишҳои мусбии ватандӯстонаю башардӯстона, дарку шарҳи самтҳои арзишноки ҳуқуқӣ ва муносибатҳое мебошад, ки риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин мекунад.

Шуури ҳуқуқӣ – ин маҷмӯи ғояҳо, ақидаҳо, эҳсосотест, ки муносибати субъективии одамонро ба ҳуқуқ ва татбиқи он дар амалияи ҷамъиятӣ бевосита инъикос мекунад, яке аз намудҳои шуури инсонӣ мебошад, бетағйир (догма) нест, хусусияти тағйирёбандагӣ (динамикӣ) дошта, дар баробари рушди ҷомеа, давлат ва ҳуқуқ бо мурури замон тағйир меёбад ва рушд менамояд.

Фарҳанги ҳуқуқӣ- падидаи махсуси иҷтимоӣ буда, вазъи ҳуқуқии ҳам шахс ва ҳам ҷомеаро аз ҷиҳати сифатӣ тавсиф мекунад, як навъи фарҳанги маънавӣ мебошад, ки мазмунан дар худ тамоми арзишҳои аз фаъолияти одамон дар соҳаи ҳуқуқ ба вуҷуд омадаро фаро мегирад. Мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ, инчунин, ҳолати сифатии ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро, ки аз ҷониби тамоми системаҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, дар сатҳи мавҷудаи рушди фаъолияти ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва умуман, дар дараҷаи инкишофи ҳуқуқии субъект (шахс, гурӯҳҳои гуногун, тамоми аҳолӣ), инчунин, дараҷаи кафолати озодӣ ва ҳуқуқи инсонро аз ҷониби давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар дорад.

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳои хадамоти назорати давлатии энергетикӣ

Хабарҳои охир

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон