Аз натиҷаи санҷишҳои муштарак

24 апрели соли 2023, 14:30 Дида шуд 156

Аз натиҷаи санҷишҳои муштараки Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо мақомоти қудратӣ дар семоҳаи аввали соли 2023  

 Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ дар илова ба санҷишҳои нақшавӣ  дар семоҳаи аввали соли 2023 бо ҷалби 60 нозир дар 124 санҷишҳои мақомоти қудратӣ ҷалб гаштаанд. Аз ҷумла, ба  мақомоти Прокуратура 95 санҷиш, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 8 санҷиш, Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 15 санҷиш,  Вазорати корҳои дохилӣ 3 санҷиш ва адлия, гумрук, андоз 3 санҷиш  рост меояд, ки дар умум нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2022  22  санҷиш ё 122% зиёд мебошад.

 Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак нисбати 117 нафар масъулини хоҷагиҳои барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, маблағи 27948 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ ба буҷети чумҳуриявӣ пардохт карда шудааст.

Инчунин оид ба вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергияи барқ ва гармӣ 19 санад ба маблағи 477 699 сомонӣ (1 118 536 кВт.соат) тартиб дода шудааст.

Санҷишҳои муштарак дар асоси мактубҳои мақомот ҷараён дорад, ки натиҷаҳои он дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт.