Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ва соати сиёсӣ

18 марти соли 2023, 14:50 Дида шуд 168

Баргузории ҷасалаи тантанавӣ

      Санаи 18 марти соли 2023 дар асоси нақшаи баргузории соатҳои сиёсии ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» ва барқияи электронии Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷаласаи тантанавӣ ва соати сиёсӣ баргузор гардид.  

        Ҷаласаро  Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон – Сардори Хадамот, Раиси ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» оғоз намуда, дар бораи мақоми мартабаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  маълумот доданд.

       Сипас муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” баромад карда, дар бораи муҳимияти он ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи байналмилалӣ маълумот дод.

     Қисмати дуюми ҷаласа бо намоиши хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсину ҳафтшин ва хондани шеъру суруд дар васфи Наврӯзи байналмилалӣ ба анҷом пазируфт.