Баргузории соати сиёсӣ

6 марти соли 2023, 13:20 Дида шуд 189

Баргузории соати сиёсӣ

      Дар асоси нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ (дар реҷаи онлайнӣ) ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар соати сиёсӣ дар мавзӯи “Зан модар – сарчашмаи ҳаёту зиндагист” баргузор гардид.

     Ҷаласаро  Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон – Раиси ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» оғоз намуда, дар бораи мақоми мартабаи зан – модар дар ҳаёти инсон, ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа сухан намуданд.

    Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳаитов Саидаҳмад дар баромади худ дар бораи маърифатнокии занон, пешоҳанг будани модарон дар раванди тарбияи фарзандон ишораҳо намуд. Қайд гардид, ки агар зан китобхон, боиффат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба дониш карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва бо модарашон пайравӣ мекунанд. Чунин мисолҳо хеле бисёранд, масалан модари устоди бузург – Садриддин Айнӣ, ки нахустин гомҳояшро ба олами илму адаб таҳти сарпарастии модараш гузошта, хату савод баровард. Бобоҷон Ғафуров писари шоираи маъруфу машҳури ватандӯсти тоҷик – Розия Озод мебошад.  Ба олами илм бо ҳидояти модари донишмандаш омадааст. Ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, ба дараҷаи роҳбари аввали мамлакат расида, дар илми шарқшиносии ҷаҳон олими шинохтаву эътирофшуда мебошад.

       Дар баробари ин дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти  Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани Хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул  Муҳаммадҷонова дида метавонем.

      Дар фарҷом сардори Хадамот дар симои кормандони Хадамот тамоми бонувонро ба муносибати таҷлили  Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшид.