Баргузории ҷаласаи ҳизбӣ

17 январи соли 2023, 14:22 Дида шуд 198

       БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ  ҲИЗБӢ

     Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани маҷлисҳои умумии ташкилотҳо барои ҷамъбасти соли 2022  санаи 17 январи соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» маҷлиси умумии ҷамъбастии солона баргузор гардид.

        Дар ҷаласа  Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон – Раиси ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика», сардорону мутахассисони  раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, шаҳри Душанбе, ШНТҶ,  муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ташрифзода Амиралӣ Сафаралӣ, мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нурзод Розиқ иштирок намуданд.

      Нахуст раиси ташкилоти ибтидоӣ Убайдуллозода Ғ. Х. аз натиҷаи фаъолият дар соли 2022 ҳисобот доданд. Сипас муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ташрифзода А. С. нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

    Ҳамчунин нақшаи кории ташкилоти ибтидоии «Назорати энергетика» барои соли 2023 мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор дода шуд.

    Дар интиҳои ҷаласа қарорҳои дахлор оид ба масъалаҳои матраҳгардида якдилона ҷонибдорӣ ва қабул карда шуданд.