Озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

13 январи соли 2023, 14:13 Дида шуд 310

Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

 

- сармутахассиси шуъбаи назорати нафту газ ва ангишт 1-ҷой, маоши мансабӣ 1502 сомонӣ;

- мутахассиси шуъбаи назорати нафту газ ва ангишт 1-ҷой, маоши мансабӣ 1012 сомонӣ;

- сармутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе 1-ҷой, маоши мансабӣ 1427 сомонӣ;

- мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе 1-ҷой, маоши мансабӣ 1170 сомонӣ;

- мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб 1-ҷой, маоши мансабӣ 1170 сомонӣ;

- мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1-ҷой, маоши мансабӣ 1215 сомонӣ;

- мутахассиси Шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1-ҷой, маоши мансабӣ 1007 сомонӣ;

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ:

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

Ба донанадагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.

         Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

Ба донанадагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

Ба донанадагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

 

  1. Ариза ба унвони сардори Хадамот
  2. Варақаи шахсӣ
  3. Тарҷумаи ҳол
  4. Маълумотномаи шахсӣ (СИВИ)
  5. Сурати 3х4 (4дона)
  6. Нусхаи шиноснома
  7. Нусхаи диплом
  8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
  9. Нусхаи дафтарчаи ақди никоҳ
  10. Маълумотнома аз андоз (ИНН)
  11. Маълумот дар бораи даромад ва ваъзи молу мулк (эъломия)
  12. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УБ)
  13. Маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ
  14. Нусхаи билети ҳарбӣ
  15. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

ш. Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров 35, Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо кадрҳо, тел: 222-29-00.

         Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 21 рӯз баъд аз нашри эълон қабул карда мешаванд.

Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.