Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии соли 2022

5 январи соли 2023, 10:36 Дида шуд 301

Аз натиҷаи ҷаласаҳои ҷамъбастӣ

      Рӯзи 5 январи соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар   соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ, муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Қурбонзода Абдулло, муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Бахтиёр., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Раҷабалӣ, муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Акрамҷонзода Аъзам, сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қиёмиддин, роҳбари  филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе Самӣ Даврон, роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Самизода Абдуалим, муовини сардори раёсати ҳавзавии беҳдошти замин  ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов Барот, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорону намояндагони раёсатҳои минтақавии Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Суғд, Истаравшан, Зарафшон, ВМКБ, МД “Маркази таълимӣ”, Озмоишгоҳи электротехникӣ  иштирок намуданд.

       Ҷаласаро  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб ифтитоҳ намуда, барои ироаи гузориш суханро ба муовини сардор Исҳоқӣ Даврон доданд. Муовини сардор Исҳоқӣ Д. оид ба фаъолияти Хадамот дар соли 2022 маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки бо мақсади омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар Хадамот бо фармоиши №38 аз 26 апрели соли 2022 Ситоди фаврӣ ташкил гардида, нақшаи чорабиниҳои ташкилӣ-техникӣ иборат аз 9 банд таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2022 аз 9 банд 7 банд пурра,  иҷрои 2 банд  98%-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Хадамот 99,5%-ро ташкил медиҳад.

      Дар доираи иҷрои санҷишҳои нақшавии субъектҳои хоҷагидор, ки бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мувофиқа гардидааст, то эълон гардидани мораторий, санҷиши 754 (нақша-3522) субъект амалӣ гардида 21,4%-и нақшаро ташкил медиҳад.

  Инчунин тибқи иҷрои  қарори ҷаласаи Мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 январи соли 2022, №4 ва Низомномаи Хадамот 2104 адад муоинаҳои техникии дастгоҳҳои барқӣ ва истифодаи самараноку сарфакоронаи энергияи барқи   мақомот ва муассисаҳои давлатӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2021 879  муоина ё 172% зиёд мебошад.  

    Бояд қайд намуд, ки дар илова ба санҷишҳои нақшавӣ  дар ин давра 148 корманди Хадамот дар 284 санҷишҳои мақомоти қудратӣ ҷалб шуданд. Дар натиҷаи дастурҳои аз ҷониби мутахассисони  Хадамот дар самти назорати насбу васл ва  барқарор намудани кори дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ  дар соли 2022 додашуда, шумораи корхонаҳои бо чунин дастгоҳҳо ҷиҳозонидашуда дар маҷмуъ агар то 01 январи соли 2022 - 752 корхонаро  ташкил диҳад, пас ба ҳолати 31 декабри соли 2022 ин рақам ба 1028 адад расонида шудааст. Яъне дар соли 2022 боз дар 276 корхона 1023 адад дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ  насб гардидааст, ки нисбат ба аввали сол 137% зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар давоми ду соли охир 539 корхона чунин дастгоҳҳо насб намудаанд, ки нисбат ба ду соли гузашта (солҳои 2019-2020) 473 корхона ва ё 8,2 маротиба зиёд мебошад.

      Дар давраи ҳисоботӣ меъёрҳои сарфи хоси энергияи барқ барои истеҳсоли воҳиди маҳсулоти  1194 корхонаҳои саноатӣ мувофиқа ва 3815 ҳисоботи шакли 11-РЭ-и истифодаи энергияи барқи корхонаҳо таҳлил карда шудааст, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2021 - 457  меъёрҳои сарфи хос ё 1,6 маротиба ва 764 ҳисоботи шакли 11-РЭ ё 1,3 маротиба зиёд мебошад.

     Аз тарафи нозирони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба  техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбати 2655 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 574 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудаанд, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2021    232 адад кам  ва маблаған 13 ҳазор сомонӣ  ё 114% зиёд мебошад.

     Ҳамзамон нисбати истифодабарандагони  энергияи барқ 1653 санадҳои вайронкунии қоидаҳои истифодабарии энергияи барқ  ва гармӣ  ба маблағи 6 458 ҳазор  сомонӣ тартиб дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи   соли 2021 бо сабаби эълони мораторий 187  санад кам ва ба маблағи  4 093 ҳазор сомонӣ ё  2,7  маротиба  зиёд мебошад.  

     Санҷиши электротехникии заминпайвандҳо, трансформаторҳо ва оиқи ноқилу кабелҳои 5947 корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо ва дастгоҳҳои навпайваст гузаронида шудаанд, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2021  2715 санҷиш ё 1,8  маротиба ва 382 ҳазор сомонӣ ё 1,2  маротиба зиёд мебошад.

      Ташхиси  2016 адад воситаҳои ҳимоявӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 539 адад ё 1,4 маротиба ва 37 ҳазор сомонӣ ё 1,6  маротиба зиёд  мебошад.

    Сатҳи дониши 5399 масъулини хоҷагиҳои барқии истеъмолкунандагон санҷида шудааст, ки дар муқоиса бо давраи ҳисоботии соли 2021  1042 нафар  ё 1,2 маротиба зиёд  мебошад. 

    Савияи тахассусии  383 нафар  шахсони масъули хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо, кормандони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ШСХК “Барқи Тоҷик” баланд бардошта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи  ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 103  нафар ё 1,4 маротиба нафар зиёд мебошад.

   Аз ҳисоби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  тибқи  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар давраи ҳисоботии соли 2022  ба буҷаи ҷумҳурӣ 427200 сомонӣ  ворид карда шуд.

      Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд,  дар давоми соли 2022 мутахассисони Хадамот дар шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон” ва телевизионҳои вилоятӣ дар якчанд барномаҳои телевизионӣ баромад намуда, роҳҳои истифодаи оқилона ва самараноки энергияи барқро шарҳ доданд. Бо дарназардошти норасоии энергияи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон дар давоми соли 2022 – 23840 адад буклетҳо ба таври ройгон тақсим карда шуд, дар 17690 субъектҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар бораи  истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, кӯтоҳ намудани хатҳои интиқоли барқи аз меъёр дароз, иваз намудани ХИБ пулодӣ, камбор намудани истгоҳҳои трансформаторӣ ва хатҳои барқӣ, хомуш намудани  истгоҳҳои трансформатории дар ҳолати беборӣ қарордошта,  гузаронида шудааст. Инчунин муроҷиатномаи Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд оид ба самаранок ва сарфакорона истифода намудани энергияи барқ тавассути нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” расонида шуд.

  Ҳамзамон тавассути радиои «Ховар» ҳамарӯза пахши рекламаҳои тарғиботӣ оид ба сарфаҷӯёна  ва самаранок истифода намудани энергияи барқ, истифодаи технологияи  муосири  каммасрафи барқӣ ба роҳ монда шудааст.  

   Бояд қайд намуд, ки Хадамот корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути ирсол намудани паёмакҳо ба муштариёни алоқаи мобилии ширкатҳои ҶДММ “Таком”  (дар моҳи январи соли 2022), ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (дар моҳи декабри соли 2022)  ба роҳ монда, дар ин самт корбарӣ барои  семоҳаи якуми соли 2023 бо ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” идома дорад.

       Баъди гузориши муовини сардори Хадамот сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ба музокира баромада, ба саволҳои муовини Вазир ва сардори Хадамот посух доданд.   

    Дар охир муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбон  фаъолияти Хадамотро дар соли сипаришудаи 2022  хуб арзёбӣ намуда, ҳамзамон оид ба назорати таъминоти пурраи гармӣ дар шаҳри Душанбе, назорати сифати ангишт, додани дастурҳо ҷиҳати гузаштан ба дигар намуди сӯзишвории алтернативӣ, пешниҳоди сурат-гузоришҳо оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти Раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, насби дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷудо намудани қатъшавиҳои технологии ШСХК “Барқи Тоҷик” дар сатҳи Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 1, 2 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.