Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори таҷлили иди касбии «Рӯзи энергетикҳо»

21 декабри соли 2022, 09:47 Дида шуд 286

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори таҷлили иди касбии «Рӯзи энергетикҳо»

 

          Санаи 21 декабри соли 2022 дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ба муносибати таҷлили иди касбии «Рӯзи энергетикҳо» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорону намояндагони раёсатҳои минтақавии Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Суғд, Истаравшан  иштирок намуданд.      

          Инчунин дар ҷаласа муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ,  муовини Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони  энергетикаи Тоҷикистон Мақсудзода Далер, собиқ сардори  “Назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Хоҷаева Уғулой, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нурзод Розиқ  ширкат доштанд.

         Нахуст сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ. дар баромади табрикотии худ дар бораи таърихи ҷашни иди касбӣ, дастовардҳои соҳаи энергетика дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумот дода, кормандон ва меҳмононро шодбош гуфтанд. Сипас муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С. кормандонро табрик намуд.  Ҳамчунин   муовини Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони  энергетикаи Тоҷикистон Мақсудзода Д. табрикоти худ, ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи энергетикаро ба сардори Хадамот Убайдуллозода Ғ., муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. ва кормандони Хадамот Салимова Н., Маҳмадов Ш., ифтихорномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Хадамот Соҳибзода Н.  тақдим намуд. Баъдан   Хоҷаева У. собиқ сардори  “Назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони соҳаро ба муносибати иди касбӣ - “Рӯзи энергетикҳо”  табрику шодбошӣ  намуданд. 

         Нурзод Р. - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар  иловаи суханони табрикотии худ ҳамчунин 4 нафар кормандон-ҳамсафони ташкилоти ибтидоии “Назорати энергетика”-ро бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарафроз намуда, ба 6 нафар кормандони ҳамакнун ба сафи ҳизб дохилшуда дафтарчаҳои ҳизбӣ супорид.

        Роҳарияти Хадамот ва Кумитаи иттифоқи касаба бо қадрдонӣ аз  фаъолияти пурсамар дар нишондиҳандаҳои мусбӣ ба зиёда аз 30 нафар кормандони беҳтарини раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ, МД “Муассисаи таълимӣ” ва озмоишгоҳи электротехникӣ ифтихорномаҳо ва бо дарназардошти хизматҳои шоиста дар соҳаи энергетика   сипосномаҳои Хадамотро супориданд.