Аз баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастӣ.

14 октябри соли 2021, 10:39 Дида шуд 1151

         

Рўзи 13 октябри соли 2021 дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи  соли 2021 ва вазифаҳо дар то охири  соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, муовини якуми раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Асозода М., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Ёқубов Ҳ., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Ҳалимов Р., сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода С., муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Ёров Қ., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ., директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Самизода А., роҳбари техникии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе Қутбиддинов П.   иштирок намуданд. Баъди ифтитоҳи ҷаласа  сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб дар гузориши худ оид ба фаъолияти Хадамот дар 9 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи нишондиҳандаҳои Хадамот тамоюл ба афзоиш дошта, масъулинро зарур аст, то охири соли ҷорӣ  дар иҷрои нақшаҳои корӣ боз ҳам саҳми арзанда дошта  бошанд. Баъди гузориши сардори Хадамот сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ба музокира баромада, ба саволҳои Вазир ва сардори Хадамот посух доданд.  Дар умум кору фаъолияти раёсатҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Суғд, Хуҷанд, шуъбаи назорати гармидиҳӣ, МД “Маркази таълимӣ” хуб арзёбӣ гардида, раёсати минтақаи Бохтар, озмоишгоҳи санҷиши энергетикӣ ва шуъбаи сарфаи энергия миёна, раёсатҳои минтақаи Кӯлоб, Истаравшан, шуъбаи Зарафшон, бахши ВМКБ, шуъбаи назорати неругоҳҳо ва ШБ 35 кВ боло, назорати нафту газ, бахши ташхис нокифоя баҳогузорӣ карда шуд.

         Дар охир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер ба кормандони саҳмгузори Хадамот ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ҳамзамон оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, кам кардани талафоти энергияи барқ, назорати фаъолияти қонунии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар вилояти Хатлон ва ҷобаҷогузории кадрҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.