Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябри соли 2021, 15:50 Дида шуд 1159

       Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Санаи 16 ноябри соли 2021 дар  Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ роҳбарияти Хадамот, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода Заррина Файзулло, сардори сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Манучеҳр, ҳайати кормандони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ   иштирок доштанд. Баъди кушодани ҷаласа ва хондани Суруди миллӣ сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб баромад намуда, нақши Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хотимабахшии ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва шинохти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, рушду тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ қайд намуд. Баъдан Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Файзуллозода Заррина дар бораи аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   баромад намуда, қайд намуд, ки дар ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил мешавад, ки идомаи мантиқии санаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Сафарзода Манучеҳр - сардори сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ аз хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду тараққиёти соҳаи энергетика, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз ҷумла, лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ёдовар шуданд. Бобоев Ҷура - собиқадори соҳаи энергетика бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва ободиву осоиштагии Тоҷикистони азиз нақши боризи Пешвои миллатро қайд намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кору фаъолият намуда, дар рушду тараққии кишвар саҳмгузор бошанд.

      Дар қисмати дуюми ҷаласа муовини сардори Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ Исҳоқӣ Даврон дар бораи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад, баромад намуда, қайд намуд, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Ҳамаи баромадкунандагон ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Зери қарсакҳои пурмавҷи ҳозирин ба ифтихори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа ба анҷом расид.