Аз ҷараёни корҳои ободонӣ

4 маи соли 2021, 10:00 Дида шуд 1026

      Роҳбарияти Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию сабзгардониро бо вусъати тоза амалӣ намуда истодааст. Дар ин раванд роҳи даромад ба идора беш аз 400 метри мураббаъ мумфарш карда, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ба тартиб дароварда шуд. Инчунин аз тарафи кӯчаи Қаҳҳоров дарахтони арча шинонда, панҷараҳо рангу бор карда шуданд. Даромадгоҳ бо лавҳаю овезаҳои сиёсию фарҳангӣ оро дода шуда, иҳотадевор андова, рангу бор ва тунукапӯш карда шудааст. Зиёда аз 200 метри мураббаъ саҳни Хадамот майсазор карда,  беш аз 2500 бех гулҳои баҳорӣ шинонда шудааст. Ҳамзамон як қатор ҳуҷраҳои корӣ, аз қабили озмоишгоҳи санҷиши энергетикӣ, нашри фаврӣ аз таъмир бароварда шуданд. Корҳо дар ин самт ҷараён дорад.