Рўзи 14 апрели соли 2021 дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо дар давоми соли ҷорӣ баргузор гардид.

14 апрели соли 2021, 13:19 Дида шуд 1203

 

Рўзи 14 апрели соли 2021 дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо дар давоми соли ҷорӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раисии сардори Хадамот Убайдуллозода Ғолиб баргузор гардида, дар он муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Н., муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Холиқзода М., муовини директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Раҳматзода Б., менеҷери баҳрабардории техникӣ ва технологияи иттилоотии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Азизов О., муовини директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Ёров Қ., сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфуллоев Қ., сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Ҳ. иштирок намуданд.

Муовини сардори Хадамот Исҳоқӣ Д. дар гузориши худ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо дар давоми соли ҷорӣ маълумот дод.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Н. дар бораи таҷдиди сохтор, имкони ҷобаҷогузории кадрҳо таъкид намуда, вобаста ба ҷоннок намудани корҳо дар шуъбаҳои сарфаи энергия, назорати гармидиҳӣ ва ангишт супоришҳо доданд.

Сардори Хадамот ба сардорони раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавӣ ва дастгоҳи марказӣ ҷиҳати беҳтар намудани самтҳои фаъолият, корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.